Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Шаб моҳтоб, яроқамон ҳаст, аз чӣ метарсем? Биё, рафтан мегирем Сайёҳони ҷавон – Илҳом пеш-пеш Моҳира аз қафо ба ҷангал даромаданд. Зери дарахтонро баргу хазонҳои заҳкашидаи чандинсола кӯрпа барин пӯшонида буданд. Аз ин сабаб садои қадаммонӣ ҳам базӯр шунида мешуд. Бо вуҷуди ин қисме аз парандаҳои зирак аз шохе ба шохе мепариданд, бо чириқ-чириқу кур-кур якдигарро огоҳ мекарданд.
Дар ин вақт тамоман аз наздик кадом як ҳайвони бадҳайбат якбора ғуррос зад. Сайёҳон эҳтиёткорона пештар рафта диданд, ки ду саги калони булдог зери дарахти булут хобидаанду ҳар ду ба тарафи онҳо омодаи ҳамла, дандон зиреҳ мекунанд.
Илҳом мили таппончаашро чобукона сӯйи сагҳо гардонд, ки тир кушояд. Вале Моҳира дасти ӯро тела дода гуфт:
— Напарон! Онҳо бастагӣ.
Илҳом зеҳн монда дид, ки як нӯги тасмаи гардани онҳо дар ҳақиқат ба дарахт баста шудааст. Худи сагҳо акнун сулҳҷӯёна дум меликконданд.
— Аҷабо! — ҳайрон шуд ӯ. — Мебинӣ, Моҳира?
Сагҳо зину лаҷом доранд.
— Рост, — тасдиқ кард Моҳира. — Сокинони ҷазира ҳангоми кор ба ҷойи хару асп ба саг савор мешаванд.

пешина
аз 50
навбатӣ