ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

То шавад нури зарду оташи сурх,
Хуни обии об ҷӯшон аст.
Оташ аст ин ба ҷони об афтод,
Ё ки ишқ асту нури имон аст?
Хоби ширин зи сар бинеҳ Фарҳод,
Ки дар афсона Кӯҳкан будӣ,
К-ин замон Кӯҳкан фаровон аст.
Хезу бингар чӣ гуна ин даврон,
Асри эъҷози қаҳрамонон аст?
ДАСТИ ИШҚ
Агар паранда нахонад,
Агар ки об нарақсад,
Агар ки сабза нарӯяд,
Замин чӣ хоҳад кард?
Чӣ якнавохт, чӣ берӯҳ мешавад ҳастӣ,
Агар ки ишқ нахандад,
Умед агар надурахшад,
Агар набошад шодӣ
Ва гоҳ-гоҳе дард.
Аз он касе гила дорам, ки ояи яъс аст
Ва ҳамчу барфи зимистон
Ба ҳар куҷо нишинад, Кунад ҳаворо сард.
Чӣ пуршукӯҳ бувад дасти ишқ бӯсидан,
Вале чӣ нангин аст,
Ки дасти қудрати як мардро бибӯсад мард.
Ва Офтобу Замин ошиқони якдигаранд,
Чу дастҳои ману ту, ки шохаҳои таранд.
Чу мехӯранд ба гармӣ ба якдигар пайванд,
Ҳазорҳо гули сурх оваранду меваи зард.
ЭЙ БОДИ ШУРТА
«Киштинишастагонем, эй боди шурта бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро»
Эй боди шурта бархез, бархез пурталотум,
Бар бодбон биовез, бигшой роҳи моро.
Киштишикастагонем дар нимароҳи дарё,
Гарди сукути айём бар рӯямон нишаста.
Чашмони мо ба сӯйи он соҳили пурумед,
Ҷонҳо пуринтизору дилҳо зи сабр хаста.
Эй боди шурта бархез, тӯфони оташин шав,
Равшан кун аз шарорат фонуси мавҷҳоро.
Дар коми обу оташ моро ба ҷунбиш овар,
«Бошад, ки боз бинем дидори ошноро».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё