Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Партави чеҳраи Лайлӣ нафурӯзад бар ҷон,
То дар ин марҳила дил волаву Маҷнун набувад.

На фақат Жола дилу дин шуда саргаштаи ишқ,
Ки хирад низ аз ин доира берун набувад.

ОПЕРАИ ВАФО

Парда боло меравад. Надимҳо бо ҷомаҳои фохир дар утоқи муҷаллали Шаҳин нишаставу яке-яке ба хондан шуруъ мекунанд:

Шаҳин — шоҳзодахонум;
Шаҳриёр — шоҳзода, номзади Шаҳин;
Доя — пиразан, дояи Шаҳин;
Шаш, ё ҳафт нафар надимҳои Шаҳин;
Як писарбача, фиристодаи Шаҳриёр.

Яке аз надимҳо:

Ҷавон аст шаҳзодахонум Шаҳин,
Бад-ин хилқати пок бод офарин.
Шаҳин навгули шоди бӯстони мост,
Шаҳин нури дил, роҳати ҷони мост.

Яке дигар:

Бувад рӯйи ӯ тоза ҳамчун баҳор,
Қадаш сарву рухсорааш лолазор.
Шаҳинро чу ойина қалбест пок,
Бувад ахтари бахти ӯ тобнок.

Дигаре:

Биёед чун Маҳ дурахшон шавем,
Ба айши Шаҳин шоду хандон шавем.
Бубинем чун рӯйи зебои ӯ,
Бибӯсем аз шавқи дил пои ӯ.

Надими дигар:

Чу ояд Шаҳин шодмонӣ кунем,
Зи шавқу шаъаф нағмахонӣ кунем.
Диҳемаш басе мужда аз Шаҳриёр,
Ки то гардад ӯ хуррам аз васли ёр.

Шаҳин аз пушт:

Шаҳинам ман, чу шоҳи духтаронам,
Саодатманду хурсанду ҷавонам.
Ба зебоӣ чу Моҳи осмонам,
Ба раъноӣ чу сарви бӯстонам.
Қарини иззатам, фахри ҷаҳонам,
Зи бахти равшани худ шодмонам.

пешина
аз 263
навбатӣ