ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Соате чанд ман овораи саҳро будам,
Масти асрори ҷаҳон, маҳви тамошо будам,
Бехабар аз дили шӯридаи шайдо будам,
Ҳар куҷо ҷон шавад осуда, ман он ҷо будам.
Дил агар дарк кунад лаззати танҳоиро,
Ҳаргиз аз каф надиҳад сабру шикебоиро.
Манзари дилкаши Дарбанд зи ёдам наравад,
Ҳаргиз он гардиши дилбанд зи ёдам наравад,
Он ҳама шавқу шакарханд зи ёдам наравад,
Оре, он соати хурсанд зи ёдам наравад.
Ки мани сӯхтадил шеъри равон мехондам,
Қиссае аз дили бетобу тавон мехондам.
Ёдам аз манзараи он шаби ҳассос омад,
Ки шудам маст, зибас бӯйи гули ёс омад,
Ба чаманзори фалак Маҳ чу яке дос омад,
Зуҳра ҳам равшану рахшанда чу алмос омад.
Ба сари сабзаву гул партави Маҳтоб афтод,
Он шабам шӯри дигар дар дили бетоб афтод.
Ёди он рӯз, ки дар боғи Шамирон будем,
Ҳама аз шавқу шаъаф хурраму хандон будем,
Фориғ аз сӯзу гудози шаби ҳиҷрон будем,
Ваҳ, чӣ хуш, бехабар аз қалби парешон будем.
Ин замон Жолаи маҳзун зи шумо дур афтод,
Гӯшаи шаҳри дигар хаставу маҳҷур афтод.
НАМЕКУНАД ЁДАМ
Касе ба ғайри ту, эй ғам, намекунад ёдам,
Биёву мӯниси ман бош, к-аз ту дилшодам.
Ба чашми ҷомеа хорам, ҳамин гуноҳам бас,
Ки фориғ аз ду ҷаҳон аст фикри озодам.
Чӣ гуна ранги ҷамоат ба худ бигирам ман,
Чу бехабар зи адоват, барӣ зи бедодам.
Зибаски рӯйи муҳаббат зи кас намебинам,
Сафои манзараи ишқ рафта аз ёдам.
Зи нолаҳои ғамангез манъи ман макунед,
Ки роҳати дили реш аст оҳу фарёдам.
Ба нола Жолаи маҳзун саҳаргаҳе мегуфт:
Касе ба ғайри ту, эй ғам, намекунад ёдам.
ШУКӮҲ ВА ПӮЗИШ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё