ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ту бо он дидаи зебо баён кун роз пинҳонӣ,
Ки ҳоҷат бар забон набвад ҳадиси ишқ гуфтанҳо.
Чу хондӣ шеъри сӯзонам писандидию хандидӣ,
Ки фаҳмидӣ бувад мушкил ба дил оташ нуҳуфтанҳо.
Ба гулшан, Жола, манзил кун, чӣ ширинтар бувад аз ин,
Миёни лолаву насрин рухи маҳбуб ҷустанҳо.
САРВАТ
Сарватам ман, офати ҷони башар,
Ҳосили сарват чӣ бошад, ғайри шар?
Гарчи ҳастам ман ба зоҳир дилписанд,
Лек домам, мардум андозам ба банд.
Баҳри ман дилҳо мукаддар мешавад,
Душмани хоҳар бародар мешавад.
Баҳри ман модар кунад тарки писар,
Мешавад фарзанд бадхоҳи падар.
Баҳри ман ёрон шаванд аз ҳам ҷудо,
Пайрави ман гум кунад роҳи Худо.
Душманӣ орам ба ҷои дӯстӣ,
Эй ҳама олам, фидои дӯстӣ.
Ҳар кӣ шуд мафтуни рангу бӯйи ман,
Тарки виҷдон карду омад сӯйи ман.
Пайрави ман оқибат фонӣ шавад,
Куштаи амёли нафсонӣ шавад.
Ҳар кӣ дорад, Жола, рӯйи тобнок,
Дар раҳи сарват намегардад ҳалок.
ДОҒИ ВАФО
Бирав, эй ёри паричеҳра, зи ман ёд макун,
Ёд аз ин ошиқи шӯридаи ношод макун,
Дигар аз дасти мани дилшуда фарёд макун,
Макун озор, маро аз қафас озод макун.
Бигузор аз ғаму андӯҳ бисӯзад пари ман,
Ояд он гоҳ бурун нола зи хокистари ман.
Бирав, эй роҳати ҷон, роҳи вафо пеш магир,
Подшоҳӣ, ту суроғи мани дарвеш магир,
Сахт бар ишқи ману кори ғами хеш магир,
Аз мани сӯхтадил хӯрда аз ин беш магир.
То саропои вуҷуди ту ҳама дил нашавад,
Дили девонаам аз ишқи ту оқил нашавад.
Баски дар ҳаҷри ту бар хеш фишор овардам,
Нола оҳиста бурун аз дили зор овардам,
Бар забон шарҳи ғамат як зи ҳазор овардам,
Баски дар ишқи ту тадбир ба кор овардам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё