ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Хостам, то ки дил аз банди ту озод кунам,
Камтар аз ҳаҷри рухат нолаву фарёд кунам.
Тарки рӯйи ту маро, оҳ, ки мақдур нашуд,
Ишқат аз хотири афсурдаи ман дур нашуд,
Бе ту як лаҳза дили ғамзада масрур нашуд,
Рӯзгори ману ҳаҷри ту ба ҳам ҷӯр нашуд.
Он на умр аст, ки ин гуна равад бадбахтист,
Зиндагӣ кардани ман бурдани ранҷу сахтист.
Аз ғами хеш чу девонаву мадҳушам кард,
Шуъла чун шамъ ба ҷонам заду хомӯшам кард,
Дур шуд аз ману бо ғусса ҳамоғӯшам кард,
Чӣ диле дошт, ки ин гуна фаромӯшам кард?
Бо мани ғамзада гӯӣ, ки дилаш соф набуд
Варна бедоду ситам ин ҳама инсоф набуд.
На аҷаб гар зи ғами ҳаҷри ту хун меборам,
Ки ба ҷуз фикри ту, эй дӯст, на коре дорам,
Дар ғами хештан аз умр макун безорам,
Сӯхтам, з-оташи ғам чанд кунӣ озорам?
Меҳрат аз дил наравад, гар зи танам ҷон биравад,
Он на ишқ аст, ки аз ҷону дил осон биравад.
Ғами ҳиҷрони ту афсурдаву пажмонам кард,
Дарди ҷонсӯзи фироқи ту парешонам кард,
Оҳ , аз ин дида, ки бозичаи тӯфонам кард,
Чист ин ғам, ки чунин бесару сомонам кард?
Жола, ин гуна зи ғам нолаву фарёд макун,
Рӯзгоре, ки гузаштаст дигар ёд макун.
ШАБҲОИ ҲИҶРОН
Осмон ҳар дам занад дар кори мо найрангҳо,
Пеши пои орзуҳо мегузорад сангҳо.
Гунбади гардун нагардад як нафас бар коми мо,
Дорад ин сози мухолиф дилхарош оҳангҳо.
Ғам гулӯям мефишорад, чун бубинам моҳи ман,
Аз мани озурдахотир дур шуд фарсангҳо.
Соҳиби мулки дилам шуд оқибат султони ишқ,
Сар ба таслимаш ниҳодам, гарчи кардам ҷангҳо.
Ёди рухсори азизаш хун кунад қалби маро,
Он ки аз шарму муҳаббат мегирифтӣ рангҳо.
Дида дар шабҳои ҳиҷрон гар нарезад ашки ғам,
Жола, кай аз саҳфаи дил пок гардад зангҳо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё