ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Мадеҳ ройгон, Жола, нақди ҷавонӣ,
Ки бозаш наёбӣ ту бо ҷустуҷӯҳо.
ТАБЪИ САРКАШ
Эй чарх, агар шиори ту бо ман ситам шавад,
Бовар макун, ки пеши туам пушт хам шавад.
Гар аз дилам зи дарду алам хун фурӯ чакад,
Ҳошо, ки ҷонам аз ғами даврон дижам шавад.
Сайёди даҳр гар шиканад болам аз ҷафо,
Боре зи шавқи нағмаи ман зеру бам шавад.
Мағлуби даҳр кай шавад ин табъи саркашам?
Табъе, ки дар мусибату ғам муҳташам шавад.
Эй дил, хамӯш бошу сабурӣ кун ихтиёр,
К-аз оҳу нола не ғаму андӯҳ кам шавад.
Он кас, ки Жола соҳиби рӯҳи бузург шуд,
Кай пойбанди дарду гирифтори ғам шавад?
САОДАТИ ҶОВИД
Боз ин ду чашми ашкфишон чашмасор шуд,
Боз ин дили гирифтаи ман беқарор шуд.
Шуд пушти кӯҳ чеҳраи Хуршед нопадид,
Рӯйи фалак чу бахти мани хаста тор шуд.
Имшаб надонам аз чӣ дилам гиря мекунад?
Оре, бигиряд он дили маҳзун, ки зор шуд.
Дидам шафақ ба саҳнаи гардун чунин навишт:
Хун шуд диле, ки дастхуши рӯзгор шуд.
Дар боғи даҳр ҳар кӣ барафрӯхт чеҳрае,
Охир чу лола хунҷигару доғдор шуд.
Ҳар кас ба рӯзи тори касон ханда зад чу шамъ,
Шабро саҳар накарда шаҳиди шарор шуд.
Бебаҳра аз саодати ҷовид мешавад,
Ҳар кас асири лаззати нопойдор шуд.
Шодам аз он ки Жола дигар ғам намехӯрад,
То муттакӣ ба бахшиши Парвардигор шуд.
СУРОҒ НАГИРАД
Оташ гирифт ин дили пурорзуи ман,
Азбаски ғам зи ҳар тараф омад ба сӯи ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё