Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бувад ҳар барги заррин шуълаи шамъе,
Ки сӯзад дар бари ҷангал.

Кадомин паҳлавон бояд зи пирӯзӣ хабар орад,
Ки дар роҳаш чароғоне шуда сар то сари ҷангал?
Чу резад боди атрафшон,
Ҳазорон сиккаи зар бар сари ҷангал.
Намедонам чӣ фикре мекунад парвонаи хомӯш
Ва мурғи ошиқи ҷангал
Суруди баргрезонро сарояд бо кадом оҳанг?

Ман аз ҷангал хушам ояд, ки ҳамчун рӯҳи инсонҳо,
Пур аст аз соя - равшанҳои розомези рангоранг.

Ман аз ҷангал хушам ояд,
Ки ҷангал зиндааш зебост
Ва маргаш мӯҷиби ободии дунёст,
Хушо ҳастии шодиовари ҷангал.

БА НОМИ ҲАСТИИ БУЗУРГ

Ба номи ҳастии бузург,
Ба номи поки Офтоб,
Ба номи он ситораҳои дурдасти бешумор,
Ба номи он сапедаҳои лоларанги роздор.

Ба номи он парандаҳои ранг-ранги нағмахон,
Ба номи рақси шуълаҳо даруни чашми кӯдакон,
Ба номи ишқ, шавқ, интизор,
Кунем ҷунбише бапо,
Ки сарнавишти одамӣ,
Зи ранҷҳо шавад раҳо.

ЛАҲЗАҲОИ РАНГИН

Ба рангҳои баҳорон ниёзмандам ман,
Ба ранги гулҳо - ин ҳадяҳои поки биҳишт,
Ба ранги сунбули обӣ, ба ранги наргиси зард,
Ба ранги сурхи шақоиқ, ки раста бар лаби кишт,
Ба лолаҳои тилоӣ,
Ба ёсҳои бунафш,
Ниёзмандам ҳатто бар он гули санге,
Ки қарнҳост шукуфта ба синаи кӯҳсор.

Ба ҷаъбаи ранги табиат ниёзмандам ман,
Барои он ки ба ҳар лаҳза ранги тоза занам
Ва рӯзу шаб насупорам ба дасти берангӣ,
Ки ҷуз сиёҳу сафед аст рангҳо бисёр.

БА ЁДИ ВАТАН

Эрони ман, эй ишқи ту гармии хунам,
Дишаб туро дар хоб дидам,

пешина
аз 263
навбатӣ