ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агар рӯзе бибинам зодгоҳамро,
Ба мижгон мекунам хоки туро ҷорӯ.
Ту муштоқонаву мардона ҷон додӣ,
Ки аз хунат шавад Эрон,
шақоиқзори озодӣ.
Дуруд, эй қаҳрамонон — мардуми размандаи Эрон,
Ки Меҳанро раҳо аз султаи бедоди шаҳ кардед,
Шумо кохи сафеду кохиёнро рӯсияҳ кардед.
Чӣ бебокона бо ҷаллод ҷангидеду меҷангед
Ва дар пайкори озодӣ,
Тулуъи субҳи давронофарини хешро дидед,
Муборак бодатон дидори озодӣ!
ШАҲРИ ДАРЁӢ
Ману дарё,
Ману дарёи тӯфонзо,
Ки дар жарфои он як шаҳри руъёист.
Ба он ҷо гар расад инсон,
Шавад хушбахт ҷовидон,
Касе он ҷо намегиряд,
Касе он ҷо надорад бим,
На аз фақру на аз дажхим,
На зиндон ҳасту зиндонбон,
На инсон душмани инсон,
Аҷаб шаҳри тамошоист
Ва дарё ғарқи тӯфон аст.
Шиновар нестам, афсӯс,
Ғаввосӣ намедонам,
Дили муштоқам, аммо ташнаи он шаҳри дарёист.
Чӣ созам бо дили осӣ?Намедонам.
Агар як сӯ ниҳам оромиши ғамгини соҳилро,
Ба дарё гар занам дилро.
Агар бо як ҷаҳиш худро бар амвоҷ афканам, шояд
Кунам осон ҳазорон кори мушкилро,
Магар як лаҳза ҷонбозию як дам ҷон ба дар бурдан,
Набошад беҳтар аз умр бо ҳасрат ба сар бурдан?
Ва то хуршеду обу осмон бошад,
Нафас дар синаву дар тан тавон бошад,
Занам бар обу оташ хешро беш аз тавоноӣ,
Барои дидани он шаҳри дарёӣ.
НАҒМАИ ҶАНГАЛ
Намедонам чӣ ғавғоест дар хомӯшии ҷангал,
Ки садҳо нағмаи шодиву ғам дар дил барангезад?
Намедонам чӣ жарфоест дар жарфои ҷангалҳо,
Ки инсонро асири худ кунад ҷодугари ҷангал?
Чу тобад Офтоби субҳи поизӣ,
Чунон равшан шавад ҷангал, ки пиндорӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё