ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ангуштҳои хуфта ба гаҳвора,
Ангуштҳои қотили ҳастисӯз,
Ангуштҳои ваҳшии овора,
Ангуштҳои беҳунари бекор,
Ангуштҳои ҳиллагари ғаддор,
Ангуштҳои ошиқи инсонҳо,
Ангуштҳои маҳкуми исёнгар,
Ангуштҳои сӯхта дар саҳро,
Ангуштҳои дӯхта бар сангар,
Ангуштҳои дигару сад дигар.
Лутфан бибахш пурсишам ар беҷост,
Ангушти ту,
Кадом як аз инҳост?
ОТАШИ МУҚАДДАС
Эй рӯҳи саркаши абадӣ — эй Парумата,
Ман мепарастам он дили пуроташи туро,
Озодагӣ, азобкашӣ, кӯшиши туро.
Рӯзе, ки пеши тахти Худои ситамгаре,
Сарро баланд кардиву гуфтӣ: Адолатам.
Аз осмон ту ронда шудӣ бо шаҳоби шаб,
Бар партгоҳи сахраи дарёи дурдаст,
Зад барқи оташин ба танат тозиёнаҳо,
Гарди шиканҷаҳои замон бар сарат нишаст.
Ҳар лаҳза гуфт кибри худоӣ ба гӯши ту,
Як «на» бигӯву салтанати осмон бигир,
Аммо сари ту дар раҳи таслим хам шуд.
Эй оташи муқаддас — эй осии далер,
Ман мепарастам он дили исёнгари туро
В-он рӯҳи муборизи тобовари туро.
ФАРИШТАИ БЕБОЛ
Чу барф рахташу чун Офтоб рухсораш,
Нигоҳ кард зани меҳрубон,
Ба чашмҳои дурушту сиёҳи марди ҷавон,
Ба фикр рафт фурӯ:
Кист ӯ?
Ки мешиносаму рафтаст номаш аз ёдам.
Шукуфт дар нигаҳи ӯ нигоҳи марди ҷавон,
«Пизишки кӯдакии ман дуруди бепоён».
Пизишк дар паси он чеҳра,
Рӯйи навзоде,
Ба ёдаш омаду шодии аввалин дидор.
Шукӯҳи гоми нахустини кӯдаконаи ӯ,
Давиданаш ба дабистон,
Шукуфтанаш чу баҳор.
Ҳазор кӯдаки дигар ба ёди ӯ омад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё