Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Агар хуб мешуд маро ҷеғ намезадед.
– Бале, ба ҳодисаи имрўза чӣ баҳо медиҳед?
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам.
– Чаро?
– Рости гап ҳоло дар ин бора чизеро аниқ накардаем ва модоме, ки ягон чиз аниқ нашудааст, аз куҷо метавонам, ки ба ҳодиса баҳо диҳам.
– Абдуҷаббор Исломович чанд соле, ки ман дар ин ҷо кор мекунам, боре ҳам ваъдаи аниқи ўро нашунидаам, ҳарчанд дар кушодани бисёр ҷиноятҳои дар тобеъи ноҳия рухдода аз дигарон бештар саҳмгузор аст, – гуфт прокурор.
– Аз ваъдаи беамал чӣ суд? Ҳамин беҳтар аст, ки ҳақиқати гапро мегўяд, ин бачаи боба, гуфт бо табассум сардор. – Шояд худкушӣ бошад? – боз пурсид Соиб Сулаймонов.
– Ба гумон аст.
– Далел?
– Агар роҳи баромад ба болои боми бино кушода мешуд, эҳтимол мо онро худкушӣ арзёбӣ мекардем, вале дар дари баромадгоҳи бом қулфи калоне овезон аст. Агар нишондоди мўйсафеди аробакаш рост бошад, ў мақтулро дар байни ошёнаҳои шашум ва ҳафтум дидаст. Маҳз дар ҳамон самте, ки мақтул афтидааст шаш квартира ҳаст, ки дар се квартира занҳо бо кўдакҳояшон буданд. Гумон аст, ки дар хонаи кўдак буда кас даст ба куштор занад. Дар ошёнаи ҳаштум як пиразан, ки доим дар бозор аст ва як корманди кадом як институти тадқиқотие, ки субҳ рафта шом бармегардад зиндагӣ мекардаанд. Албатта, мо на пиразан ва на он корманди илмиро ёфтем. Квартираи шашум хонае, ки аз рўйи нишондоди мўйсафеди аробакаш таваҷҷўҳи моро ҷалб кард, афсўс ки маҳкам аст. Аз рўйи нишондоди ҳамсояҳо соҳибони он хона чанд моҳ пештар барои кор ба хориҷа рафтаанд. Ва агар Шумо муҳтарам Сулаймонов барои кушодани он хона рухсат медодед, эҳтимол ягон дигаргуние дар рафти тафтишот рух медод.
– Ин ба гуфтан осон ё гумон мекунед, ки прокурор ба ҳама кор қодир аст. Охир аз болои ҳар як ҳаракати мо ҳам назорат аст. Не, не, то он даме, ки Шумо ба ман бо далелҳои раднашаванда, фаҳмидед, такрор мекунам, раднашаванда нисбат ба ин квартира ҳуҷҷат пешниҳод накунед, ёриеро аз ман интизор нашавед!

пешина
аз 408
навбатӣ