Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Фаҳмо.
– Мо он хонаро ба зери назорат гирифтаем, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд сардори шўъбаи милиса.
– Ин хуб аст, вале ба фикри ман ҷинояткор ҳам он қадар гулу гумроҳ нест, ки омадани милисаро интизор шуда истад.
Агар дар ҳақиқат касе ҷиноят содир карда бошад, то рафтани шумо биноро тарк кардааст, гуфт Сулаймонов.
– Пас чӣ бояд кард? – пурсид сардор.
– Ба фикрам то шахсияти мақтулро муайян накунем, дигар ҳаракатҳоямон бе натиҷа хоҳад монд, ё гапам нодуруст–мӣ, бачаи боба?
– Мо – ку эътироз накардем.
– Эътироз куну рўзатро бин, – нимҷиддию нимшўхӣ гуфт прокурор.
– Ақидаатонро мепазирам, вагарна эътироз ҳам мекардам,
– ҷиддӣ гуфт Сорбони Ҳомид.
– Худи ҳозир рафта хабарнома тайёр намоед ва аз пагоҳ дер намонда онҳоро якҷоя бо расми мақтул ба ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристед, – амр кард сардори шўъбаи милиса.
Чун Сорбони Ҳомид аз дар берун шуд Соиб Сулаймонов гуфт:
– Афсўс, ки чунин кадрҳо ангуштшуморанд.
– Бале.
– Онҳо ҳеҷ гоҳ сиёҳро сафед намегўянд…

То маҷлиси назди сардор боз ду соат вақт буд. Маҳз дар ҳамин давра Сорбони Ҳомид матни хабарномаро тайёр намуда, барои чоп ба котибот бурд, вале дари котибот ҳарчанд қулфе чун қулфи баромадгоҳи боми он бинои нўҳошёна надошт, маҳкам буд ва ба гумон буд, ки котибаи шўъбаро, ки ҳамагӣ моҳе пештар ба шавҳар баромадааст, аз роҳ баргардонида мешуд.
Ў боз вориди утоқи кориаш шуда ба тартиб додани плани корҳои ҷустуҷўйӣ пардохт.
Соати бист ҳамаи ҳайати гурўҳи зудамали тафтишотӣ ба назди сардор даромаданд. Сардор сараввал гузориши навбатдори шўъба капитани милиса Аҳёевро оид ба арзу шикояти меҳнаткашон дар давоми рўз шунида, нисбат ба чораҳои дар ин ҷода андешидаи гурўҳи фаврӣ баҳо дода, ҳайати гурўҳро барои боз ҳам ҷоноктар намудани корҳои фаврӣ, ки ба рафти минбаъдаи тафтишот таъсир расонда метавонанд, ҳушдор намуд.

пешина
аз 408
навбатӣ