АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Пас аз бурдани қиблагоҳаш модар дигар ба шавҳар набаромад ва ҳама бори вазнини зиндагиро ба дўши худ гирифт.
Дар солҳои ҶБВ модари ў низ чун ҳама модарон дар ақибгоҳ кор кард. Рўзона дар саҳро кор карда, шабона ҷўроб мебофт, то ки пойи аскареро аз сармо эмин дорад. Ҳарчанд шавҳарашро бурданд ва ў бе ному нишон гум шуд, вале аз ҳукумат хафа набуд. Ҳамааш аз бесаводӣ ва гумроҳии мардуми ҳамон вақта буд, ки ба ҷойи салла калларо мебурданд. “Хон писарам, хон ва барои худат одам шав. Кўшиш намо, ки сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонӣ. Панди ман ҳамин, ки ҳеҷ гоҳ сиёҳро сафед нагўй...” Ва ними ҳаётро дар донишомўзӣ сарф кард, олим шуд, вале маълум мешавад, ки то кунун ягон чизро намедонад. Сад офарин ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфт ў , ки бо дониши хеш чӣ қадр ҷиноятҳои печ дар печро мекушоянд...
Панди модарро ў ба ҷо овард ва ҳеҷ гоҳ сиёҳро сафед нагуфт. Ин рафтораш ба бисёр мансабдорон хуш наомад ва борҳо аз болояш маълумотномаҳои беимзо навиштанд, вале ҳақ кӣ буд аз касе тарсу ҳарос надошт. Ҳатто дар маълумотҳо гузаштаи ўро чун душмани халқ ёдовар мешуданд. Охир, чӣ ҳам менавиштан “душман гуноҳи сагатро наёфт мегўяд, ки думи сагат каҷ аст”. Бадбинонаш баъди қабули Укази Президуми Совети Олии СССР аз соли 1987 “дар бораи минбаъд ба инобат нагирифтани мактубҳои беимзо” аз рўи хеш ниқоб гирифта натавонистанд ва аз шикастхўрии хеш дарак доданд.
Умуман бозсозии Михаил Горбачёв ба сари ҳамаи маълумотбозҳо ки аз таги нохуни дигарон чирк кофтан мехостанд, бо путк зад...
Вақте ки ўро сарвари Пажўҳишгоҳ интихоб карданд, аксари мардум инро ғалабаи хайр бар шар, некӣ ба бадӣ арзёбӣ намуданд.
Ва имрўз ба рағми он кормандони НКВД, ки аз гумроҳии хеш ҳазорон одамони босаводро ба таги дор фиристода буданд, ў Сорбони Ҳомидро дид, ки мехост қотили Боқиевро ошкор намояд. Албатта, ин амали некро ў пазируфт, вале ҳеҷ ба гўшаи хотир ҳам наовард, ки чаро милиса қотилро дар Пажўҳишгоҳ, дар он ҷойе, ки олимон кор мекунанд, меҷўяд. Худаш ҳарчанд тадқиқот гузаронд, ботини ҳамкоронро чун зоҳирашон тозаю озода дид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё