Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба Ислом ва китоби муқаддаси он шак набиёред, ман аз шумо домангир нестам ҳар чӣ дар пешонаам навишта шуда бошад, қисмати ман аст ва касеро аз тақдир ҷойи гурез нест...
Ва падарро ҳамон хел таги як куртаи тунук пешандоз карда бурданд. Танҳо баъди навиштанҳои зиёде соли 1986 прокуратураи генералии СССР ба таври расмӣ бегуноҳии Алӣ Камолиддиновро эътироф кард...
Ҳа, он солҳо ў баробари писари Боқиев – Сайёд буд ва умр, ки боқӣ будааст боз соҳиби хонаю дар гашт, хонд ва ба наберааш номи падарро гузошт ва ҳамон тифлро “Дадаҷон” мегўяд. Чӣ таззоде...
Ин марди гармою сармои рўзгорро чашида имрўз худ ба таҳқиқи шахсони ҳамроҳи Боқиев дар озмун иштирок намуда пардохт. Барои соя наафкандан ба сари номзадҳои шикастхўрда ў дар давоми рўз бо дувоздаҳ нафар олимони Пажўҳишгоҳ суҳбат намуд. Аз корҳо илмӣ пурсон шуда, зиндагии ҳамкоронро ҳам фаромўш накард. Дар назди ҳар кадоми онҳо афсўс хўрд, ки дар лаҳзаи зарурӣ хонаи Боқиевро наёфт, хайрият Алишер буду обрўи Пажўҳишгоҳро бардошт. Албатта, мо ба ин тарафи зиндагӣ кам аҳамият додем ва ана натиҷааш.
Агар як бор, ним бор ба хонаи якдигар мерафтем эҳтимол, ин ҳодисаро пешгирӣ мекардем. Расул Муллоев шахси ҳафтум буд, ки дар суҳбати роҳбари Пажўҳишгоҳ ширкат варзид. Директор бо ў ҳамчун дигар иштирокчиёни “озмун” ним соат суҳбат кард. Бо дигарон бошад бист – биступанҷ дақиқа...
Суҳбат намуд, вале ҳеҷ ба хулосае омада натавонист.
Ҳамин олими намоён, ба қавле илмро об карда хўрдагӣ, вале имрўз ботини ҳамкоронро нафаҳмид. Дар зоҳир бошад ҳама як буданд...
Ў Замираю Сайёду Парвизро пеши назар овард. Албатта зиндагӣ барои онҳо душвор мешавад, вале чӣ илоҷ. Лаънати Худо бар онҳое, ки ақалан фикри ҳамин се тифли ўро накардаанд.

пешина
аз 408
навбатӣ