Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз рўи таомули Шарқӣ дар мо одат шудааст, ки асарҳои даҳҳо бор чопшударо ба хотири он ки муаллифаш бароямон писанд аст, рўи чоп меорем, вале аз камбағалу бенавое, ки дар ҳақиқат истеъдод аст, чашм мепўшем. Истеъдодҳоро диданамон лозим, хоҳ ў ҷавон асту хоҳ пир на ин ки марди хубро…
-Нигоҳи Шумо ба танқиди адабӣ?
-Дар асл танқид ҳамеша чун садои нохуши мусиқӣ ба гўш мерасад, вале агар танқид беғаразона бошад, онро пазируфтан лозим, чунки танҳо дўсти ҳақиқӣ метавонад камбудиҳои дўсташро баён созад ва эшонро аз такрори минбаъдаи чунин камбудиҳо эмин дорад. Набояд нафаре, ки ба танқид даст мезанад, дар асоси фармоиш кор кунад, чунин амал баробари он аст, ки ба ҳавонавард фармон медиҳанд, ки уқоберо ба баландии чор ҳазор метр бароварда парҳояшро бурида ба замин партояд. Ҳарчанд уқоб паранда аст, вале бе бол ўро ба ҷуз сарсоезр ба замин омадан чорае нест. Мунақид ҳам ҳангоми таҳлили асар бояд ҳамин ҳолатҳороба гўшаи фаромўшӣ надиҳад .
-Мехостам дар бораи симои қаҳрамони асарҳоятон дар шакли кўтоҳ чанд сухан мегуфтед?
-Қаҳрамони асарро ҳар адиб аз рўи донишу малака ва нигоҳи хеш ба зиндагӣ рўи коғаз меорад. Қаҳрамонҳои асарҳои банда низ на аз он нафароне ҳастанд, ки ҳамеша кўчаро дар чароғаки сабз убур намоянд, ба кор дер намонанд, дурўғ нагўянд, чунин қаҳрамон нест.
-Адибро ба ҷаҳониён танҳо тариқи тарҷумаи асарҳояш муаррифӣ мекунанд. Нуқтаи назари Шумо дар ин бора?
-Аслан тарҷумаи ҳар асари бадеӣ ин нишонае аз дўстии қавму миллатҳост. Маҳз тариқи тарҷума тавонистем, мо бо адабиёти ҷаҳонӣ шинос шавем. Солҳои пеш дар ин самт мушкилоте набуд, чунки давлате, ки дар он беш аз сад қавму миллатҳо зиндагӣ мекарданд, ба ин амал таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамуд. Ба замми ин худи забони русӣ забони асоси коргузорӣ ҳисоб мешуд ва ҳатто бе донистани ин забон кадрҳои маҳаллиро ба вазифаи баландтаре пешбарӣ намекарданд. Умуман, ин амал боиси кушиши забономўзии мардум гардида буд. Кам набуданд нафароне, ки забони бародари калонӣ ё худ забони русиро дар сатҳи баланд медонистанд ва асарҳои бадеиро аз русӣ ба тоҷикӣ ва, баръакс, аз тоҷикӣ ба русӣ бармегардониданд.
Бисёр адибоне аз қавму миллатҳои гуногун танҳо ба забони русӣ эҷод мекарданд.
Дар ин номгў метавон номи Чингиз Айтматовро низ ба ёд овард.
Сатҳи дониши баланди забонӣ буд, ки Айтматови қирғиз асарҳояшро ба забони русӣ навишт ва барои тарҷумаи онҳо ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва испанӣ як заминаи фарохеро муҳайё сохт. Аз он чи ки Айтматов ба забони русӣ навишт, халқи қирғиз чизеро бой надод, баръакс. забондонии фарзандаш номи ин халқро вирди забони ҷаҳониён намуд, чунки Айтматов яке аз нависандагони сермаҳсултарин ва серхонандатарини дунё гашт ва ба адабиёти қирғиз шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Боварӣ ҳаст, ки роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъалаи тарҷумаи асарҳои бадеиро мавзўи ҳаррўзаи кори хеш қарор хоҳад дод ва барои дарёфти маблағ барои тарҷумаи асарҳои адибони муосир лоиҳаҳои мукаммал ва пурарзишеро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.
-Ба наздикӣ телевизиони «Синамо» аз рўи асари Шумо бо номи «Дурахши алмос» филмеро пешкаши тамошобинон намуд.
Дар бораи бурду бохти ин филм чанд сухан мегуфтед?
-Мегўянд, гунҷишкро кӣ кушад? –посух ба ин суол дар ҳама ҳолат як хел аст. Қассоб.
Сабти филм ҳам айнан чунин аст. Бояд гуфт, ки аз муаллифи асар дида дар сабти филм нақши коргардон бештар аст ва дар ин ҷода банда аз коргардони филм Муҳаммадрабӣ Исмоилов сипосгузорам. Дар бораи бурду бохти ин филм бошад, бигузор киношиносон андешаҳои хешро баён созанд.
-Ташаккур, барои суҳбат.
Алӣ ҶЎРА, «Минбари халқ»

пешина
аз 408