АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ба андешаи Черчел «давлатҳои бузургро сиёсати бузург ва давлатҳои хурдро сиёсати оқилона мебояд», ана ҳамин созиш аст дар сиёсат. Дар зиндагӣ ҳам созиш карда тавонистан хуб аст, чунки ҳама гуна сахтравию пофишорӣ оқибати ноаёнеро ба бор меорад. Шахс вақте ки ба созиш розӣ мешавад, бовар дорад, ки манфиатҳои хешро ҳифз карда метавонад, вале боз ҳастанд созишҳое, ки тарафи сеюм аз ин зарар мебинад. Фарз намудем, агар судя ҷўёи манфиатҳои хеш гардида бо нафаре аз ду корафтодаи сари як масъала ба наздаш омада забон як кунад, тарафи аз ин амали махфӣ бехабар, албатта, зарар хоҳад дид. Адибон ҳам бояд ҳангоми эҷоди асар роҳҳои пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳоро масъалагузорӣ карда тавонанд.
-Дар амали инсонҳо чиро меписандед ва чиро маҳкум мекунед?
-Беҳтарин чизе, ки дар инсон ҳаст, ин самимияти ўст. Ростию росткории инсонҳо писандам ҳаст, ҳарчанд чунин инсонҳоро монеъи душвориҳо мебинам. Онҳое, ки ростқавланд, ҳеҷ гоҳ сиёҳро сафед намегўянд, бетарафиро ихтиёр карда наметавонанд ба хотири манфиате шуда аз гуфтани ҳақиқат рў наметобанд.
Мутаассифона, гулзор бе хор намешавад ва дар зиндагӣ ба рағми инсонҳои нексиришт нафарони дурўя ва тамаъҷўро низ дучор меоем. Дурўя ва худбину худхоҳро тарбия кардан ғайриимкон аст, чунки агар таҳлил намоед, ин амал дар хуни эшон ҷорист ва он чи ки бо шир дар бадан рафт, он гоҳ биравад, ки ҷон зи тан рафт.
Охир гузаштагони мо борҳо гуфтаанд, ки «бадхоҳи дигарон мабош, то дигарон низ бадхоҳи ту набошанд. Мехостам ҳар нафаре, ки нияти ба амале даст задан мекунад, ҳамин каломро ба ёд биёрад.
-Дар асарҳои Шумо тасвири офтоб, гул ва шабнам хеле зиёд ба назар мерасад. Сабаби чунин таваҷҷуҳи хешро шарҳ медодед?
-Офтоб ин нишонае аз зиндагист, нишонае аз нур, аз рўшноӣ, нишонае аз вақт. Нишонае ба рағми зулмот. Офтоб замоне муайянкунандаи вақт буд ва мардум аз рўи он ба кор мебаромаданд ва иҷрои амалеро ба нақша мегирифтанд, ки то торикшавӣ боз ба манзилҳои хеш бирасанд ва инсон ҳамеша ба ин муъҷизаи табиат ниёз дошт, дорад ва хоҳад дошт. Маҳз аз ҳамин лиҳоз офтоб ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи аҳли қалам аст. Гул ин нишонае аз зебоист ва инсон зебоиро низ хуш дорад. Боронро бошад, раҳмати Парвардигор гўянд ва чун ин раҳмат ҳамчун саховати Илоҳӣ ба сари мо резад, болои гулу буттаҳо қатраҳое аз он боқӣ монад ва агар наззора намоед, хоҳед дид, ки чун нурҳои Офтоб баъди борон аз паси пардаи абр берун оянду ба замин расанд қатраҳои оби дар болои барги гулҳо буда чун нигини алмоси дар ангуштарин буда ҷило медиҳад, шояд ҳамин зебоиҳо сабаб гаштаю ман гоҳ - гоҳ онҳоро ба риштаи тасвир кашгидаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор