Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эҷодкор пеш аз ҳама рассом аст ва агар ў дар асараш инсонро бо хислатҳояш ва алоқаи байни онҳоро ба қалам диҳад – носир ё худ нависанда ва агар инсонро бо ҳиссиёташ ба риштаи тасвир кашад, ў нозим ё худ шоир аст. Саҳнаи адабиёт пур аз тазодҳост. Нависанда ин саҳнаро чун майдони набард ба ихтиёри персонажҳои асар мегузорад. Дар ин майдон чи марди ҷасуру чи тарсую бетараф, чи қаҳрамону чи марди бадкирдор пой бар рикоби саманди давр гузошта ба сағрии асп қамчин мезананд, вале ин даврзаниҳо барои адабиёт чандон муҳим нест, муҳим ин нигоҳи муаллиф ба мавзўи интихобнамудааш аст. Инсон чун ҳамешагӣ мавзўи ягона ва асосии адабиёт боқӣ мемонад. Аз ҳамин лиҳоз ҳар як рафтору кирдори ў ва сабабҳои ба чунин амал даст заданаш лаҳзае ҳам набояд аз мадди назари адиб дур монад. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки пеш аз ба ҳар як амале даст задан дар ниҳоди инсон туғёни бузурги рўҳие хуруҷ мекунад. Ҳар як рафтору кирдор ин натиҷаи ҳамин туғёни ботин аст, ки дар замири ҳар яки мо аланга зада андешаҳоямонро дар атрофи иҷрои амале мутобиқ мегардонад.
Таҳлили ботини инсон чун сарчашмаи ташхис танҳо хоси адабиёт аст, вале мутаассифона дар аксари мавридҳо муаллифон мутеи тасвир шуда таҳлилро, ки сабабгори асосии ба амале задан гардидааст ба гўшаи фаромушӣ медиҳанд. Адибе, ки ба таҳлили воқеаҳо аз паси панҷа менигарад мавқеи муайян надорад.
Кирдори инсонҳо метавонад гуногун бошад, вале сабаб як аст: - яке ҷўёи шуҳрат аст ва дигаре ҷўёи пул, яке мехоҳад ҷасораташро қадр кунанд, дигаре ҳамчун мутахассис амали ба дўш доштаашро бе тамаъ иҷро мекунад. Ҳамчун адиб ҳамеша ба ҳолатҳои рўҳиюравонии персонажҳои асарҳоям ва сабабҳои ба чунин амалҳо даст задани онҳо диққат медиҳам. Ҳангоми ифшои асар ҳаргиз ба хулосабарории худсарона роҳ надодаам, чунки таҷрибаи 28-солаи корӣ дар мақомоти милиса дар ин ҷода роҳнамоям ҳаст ва дар кадом ҳолат ба ҳаракат даровардани донаҳои шоҳмотро медонам.

  • Китоб дар ҳаёти ҳаррўзаи мо мавқеи махсус дорад. Назари шумо дар ин бора?
  • Бояд иқрор шуд, ки дар тарбияи инсон ва ҷаҳонбинии ў нақши китоб беназир аст. Аз тамоми кашфиёте, ки то ба имрўз ба инсон даст додааст, китоб дар сархати аввал меистад. Нависанда ин пеш аз ҳама хонанда аст, хонандае, ки дар нисбат ба дигар табақаҳои аҳолӣ, қимати ин зарро бештар медонад, медонад, ки аз китоб дида барои инсон дўсти беҳтаре нест, медонад, ки муаллиф бо чи заҳматҳое дар он на танҳо дониш, балки таҷрибаи зиндагии хешро баҳри хонанда ба ёдгор мондааст.
пешина
аз 408
навбатӣ