АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

1.Суҳбаторо Эмоми Назариён. Ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»
№ 38,(115) 30.09.2010
– Чун шиноси дерин, ки аз ҳолномаатон воқифам, мехоҳам хонандаи рўзнома низ қадре бо он шинос гардад...
– Сари ин масъала ман борҳо дар мусоҳибаҳоям ҳарф задаам.
Вале барои хонандагони рўзнома ҳаминро гуфтаниам, ки аз дорулбақо ва дорулфано реҳлат намудани ҷигарбандонам Абдумаҷид ва Сорбон бандаро ба ҳамон гирдобе партофт, ки зикраш дар боло гузашт. Баҳри хонандаи навин гуфтаниам, ки маҳз Абдумаҷид орзуи нависанда шудан дошт, вале афсўс ки...
– Оё барои амалӣ шудани орзуҳои Абдумаҷид ҳамин як хоҳиш ва ният кифоя буд?
– Ба андешаи Шумо чӣ?
– Ҳарчанд нияти нек ними давлат аст, вале гумон намекунам, ки бе таҳкурсии мустаҳкам, яъне истеъдоди худодод чунин ҳавоеро дар cap ҷой дод...
– Банда дар ин ҷода ҳам чизе гуфта наметавонам, зеро дарду ғами Абдумаҷиду Сорбон чун вулқоне синаамро бишикофт ва аз он синаи моломоли дард чӣ берун омад, хонандаи муҳтарам худ доварӣ намояд.
– Аз асарҳоятон бармеояд, ки шумо бо Абдумаҷиду Сорбон тағйири касб намудаед?
– Дуруст. Акнун, ки ман ба ҷойи онҳо хома ба даст гирифтам, ҳардуро ба «милиса овардам». Симои ҳардуи онҳо чун қаҳрамони асосии асарҳои банда ҳастанд. То ҷойе, ки ба ман даст дод, кушидам хонандагон онҳоро дўст доранд. Ба фикрам, орзуи ҳар падар он аст, ки фарзандонаш мақбули ҳамагон бошанд ва ҳангоми эҷоди асар банда ҳамин нуқтаи назарро ҳадафи аслии хеш қарор медиҳам.
– Дар кулвори даҳсолаи адиб Шарифбек Азизӣ чӣ ҳаст?
– То ба имрўз 9 қисса ва чанд роман дар он кулвор дорем, ки романҳоро дар ҳаммуаллифӣ бо додарам Ҳокими Азиз навиштаем.
– Ба мисли бародарон Вайнерҳо гўед.
– Бале.
– Магар ҳаммуаллифӣ хуб аст?
– Бадиеро дар чунин амал намебинам.
– Хубияш дар чист?
– Ҷомаи бомаслиҳат кутоҳ намеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор