Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пурсиши навбатии ҷабрдида назарияи наверо ба бор овард ва маҳз ҳамин назария мақсаду мароми муайянеро рўйи об баровард. Чун қисме аз назарияҳо баъди санҷиш, аллакай, мақоми хешро гум карда буданд, назарияи навбатӣ, ки онро тафтишот «Алимент» ном ниҳод, рўйи саҳна омад. Албатта, гунаҳкор кардани нафаре дар ҷинояти вазнин, хусусан дар куштори фарзанд осон нест ва аз ин рў лозим меомад, ки ҳамаи ҳолати корро аз нав санҷида бароянд.
Ҳангоми пурсиши навбатии сокинони биноҳои дар атрофии боғча иқомат дошта, донишҷў бо номи Саидаи Мирзо акси писарбачаро дида чунин нишондод дод.
«Панҷ рўз пеш тахминан соатҳои нўҳ ман аз хона баромада, нияти ба донишгоҳ рафтан доштам. Чун ҳамарўза ман аз паҳлуи боғчаи бачагон мегузарам, албатта, бетаваҷҷуҳ аз он маҳал гузашта наметавонам, чунки худам дар боғча тарбия ёфтаам. Ҳарчанд аниқ гуфта наметавонам, ки акси нишондодаатон ҳамон писарча ҳаст, вале дуруст дар ёд дорам, ки ў дар танаш куртачаи (футболка) зард бо акси гурба дошт. Ба фикрам писарбача нафари дар пушти дарвозаи боғча бударо дид, ки худаш давида омад ва ҷавонмарде, ки ўро интизорӣ дошт ба оғўшаш гирифт. Дар ин асно автобус ба истгоҳ наздик шуд ва ман қафо намонам гуфта, ба тарафи истгоҳ давидам.
Ҳангоме ки ба автобус менишастам банохост чашмам ба он мард бархурд, ки аз дасти писарбача дошта, ба самти муқобили роҳ мегузашт».
Новобаста аз он, ки дигар шоҳиде пайдо нашуд, тафтишот дар асоси нишондоди Саидаи Мирзо нақшаю чорабиниҳои нави ҷустуҷўйиро тартиб дод. Чун аз боғчаи кўдакони дар ноҳияи Сарчашма воқеъгардида, то соҳили Кофарниҳон зиёда аз бист километр масофа ҳаст тафтишот ба хулосае омад, ки нафари қасди ҷони писарча намуда, аз ягон намуди нақлиёт истифода бурдааст, вале дар ин самт ҳама корҳои ҷустуҷўӣ бе натиҷа анҷом ёфт.
Саидаи Мирзо акси пешниҳод намудаи собиқ, шавҳари Черноваро нашинохт. Аз ин рў бо супориши сардори бахш, лейтенанти милиса Сорбони Ҳомид ба фурудгоҳ рафт, вале чун мактуби расмӣ бо худ набурда буд, бе дастовард пас гашт.

пешина
аз 408
навбатӣ