АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ҳамагӣ чанд дақиқа пеш падар аз он шохоб гузашта буд, вале чизе ба чашмаш барнахўрд. Вай ба самти ишора намудаи ҷигарбандаш дигарбора таваҷҷуҳ намуд ва оҳ гуфта ба самти шохоб ҳаракат кард. Ба сардии об нигоҳ накарда, ҷисми сардеро аз об берун овард Соате пас милиса ҳам расида омад ва азназаргузаронии ҷойи ҳодиса оғоз шуд…
Новобаста аз расмиятпарастии роҳбарон, ки монеаи аз тариқи оинаи нилгун нишон додани акси ноболиғ Морозов Иван Александрович гардиданд, кормандони бахши кофтукови ҷиноятии ноҳияи Сарчашма аз ҳодисаи дар соҳили Кофарниҳон рухдода, баъди ду соати бозёфти ҷисми беҷони писарбача огоҳӣ ёфтанд. Ҳамаи инро ҳамон хабарномаи ба ШКД– ҳои навоҳии марказ фиристода сабаб шуд.
Нина Анисимовна ҷисми беҷони писарашро дида аз ҳуш рафт. Чун ба худ омад, нолаю фиғонаш ба фалак печид…
Марги нобаҳангоми писарбачаи шашсола Ваня Марозов барои тафтишот суолҳои зиёд ва назарияҳои гуногунро ба бор овард. Як суол баҳри тафтишот муаммо буд, ки чи тавр писарбачаи шашсола масофаи зиёда аз бист километрро тай намуда, то ба соҳили ин дарёи пуртуғён омадааст. Ташхиси тиббӣ- судӣ нишон дод, ки Морозов дар натиҷаи ғарқшавӣ ба ҳалоқат расидааст. Аз ин бармеояд, ки писарбача то ба соҳили дарё расидан соқу саломат будааст. Муддати се рўзи дигар зиёда аз даҳ назарияро маври санҷиш қарор доданд, вале қисме аз он назарияҳо ба муқобили далелҳои боэътимод истода натавониста, «майдон»– ро тарк намуданд.
– Аз дўстӣ то муҳаббат як қадам,– гуфтани мардум беҳуда
набудааст. Дар вохўриҳои минбаъда роҳбалад ба сайёҳ «Қасри
Петропавловск», киштии «Аврора» ва «Музеи динӣ» – ро
нишон дод. Дар бозгашт ҳангоме, ки онҳо аз болои канали Грибоедов мегузаштанд, курсант таваққуф намуд ва аз Нина ба суоли ду моҳ пештар дар болои дарёи Нива додааш посух хост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор