АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

ПАЙНАВИШТҲОИ АЗ ПОВЕСТИ
«ПОРИКОБ»
1.Аз китоби И. Зиёдонис, В.Коротич ва Г. Янатис «Чумчаи урфӣ», нашриёти «Ирфон» соли 1975.
2. Зоғча –номи саг.
3. Як сўм баробари як доллару ҳафт-даҳ сенти амрикоӣ буд.
4. Алибӣ – ҳангоми содиршавии ҷиноят дар ҷойи дигар будани айбдоршаванда, ки ҳамчун далели бегуноҳии ўро тасдиқ мекунад.
5. Шантаж – таҳдид, найранг.
6. Танго – як намуди рақси мулоим.
7. Валс – рақси тез 8. Хайруллоҳи Иброҳим – натоқ, саркоргардони радиои Тоҷикистон 9.Предохранитель – пешгиркунанда, муҳофиз, муҳофизаткунанда, эҳтиёткунанда.
1
А Л И М Е Н Т
Ҳикояи воқеӣ
- Ин ҳикоя аз рўи нақли доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор Очилбой Усмонов эҷод шудааст.
Ёри бад бадтар бувад аз мори бад,
То тавони мегурез аз ёри бад.
«Ту – 154» суръати ҳаракаташро дар роҳи қирпўш то рафт баландтар намуда, биноҳои маъмурии фурудгоҳро ба қафо гузошта, аз замин бархест. Дар лаҳзаи аввали аз замин бархостан кунҷи хатти парвоз на камтар аз шаст дараҷаро ташкил медод ва мусофири дар курсии охирини салони дуюм нишаста, як фишори бузургеро дар қафаси синааш ҳис намуда, хост каме бошад чашмонашро пушад, вале ҳамоно чи фикре боз ба сараш омад ва сарашро ба оинаи иллюминатор расонида нигоҳашро ба поён духт…
Биноҳои баландошёнаи дар самти хатти парвоз ҷойгирифта, торафт хурдтар ба назар мерасиданд ва ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи калон гаштугузори мўрчагонро мемонд. Охирин нишонае, ки дар хотири мусофири дар тарафи чапи курсии охирини ҳавопаймо нишаста монд, ин убур аз болои дарёи Кофарниҳон буд. Мусофир дарди чонкоҳеро дар қалбаш ҳис намуда, хост нигоҳашро аз замин баргирад, вале натавонист, ў ҳамоно ба поён, ба соҳили он дарёи пур туғён ки порае аз қалбашро ба коми худ фўру бурда буд наззора дошт. Ҳавопаймо ба пардаи ғафси абр бархўрда, такони сахте хурд ва баъди лаҳзае дар фазои нилфом рост шуд. Аз баландгўяк садои стюардесса мусофиронро ҳушёр сохт, ки акнун метавонанд курсиҳояшонро дар ҳолати барояшон дилхоҳ нигоҳ доранд ва боз чанд эълони дигар. Мусофир гўё дар хоб буд, ҳамаи гуфтаҳо аз як гўшаш даромадаву аз дигар гўшаш баромада рафтанд. Вай ҳамоно аз илюминатор ба поён нигоҳ дошт, ҳарчанд ҳавопаймо дар болои абрҳо буду дигар аз замин нишонае ба чашм намерасид.
– Чӣ гап шуд? – Чаро ин қадар ғавго?– баробари аз дарвоза даромадан пурсид мудири боғча.
– Ваня нест,– нигоҳашро ба замин духта посух дод мураббии гурўҳи шашсолаҳо Обидаи Меҳроб.
– Шояд модараш?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор