АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ба фикри ту пулҳоро дар куҷо пинҳон кардааст?
– Ба фикрам пулҳо дар таҳхона пинҳон карда шудаанд ва бояд онҳо миёни майдаҷўйдаҳои рўзгор ки дар хона нағунҷидаад ҷой гирифта бошанд.
– Ту гумон дорӣ, ки танҳо мо дар ҷустуҷўи пулҳоем?
– Мо дар ҷустуҷўи пулҳо ва милиса дар ҷустуҷўи мо, – хандида гуфт Света.
– Амалётро кай бояд сар кунем?
– Худи ҳамин шаб бояд таҳхонаро тагурў намоем ва рафту агар пулҳоро наёбем, субҳи фардо ман бояд ба ҷойи вохўрӣ бо лётчик равам.
– Агар рафту бахтамон хандад чӣ?
– Дар он сурат дидорҳо дар қиёмат...
– Набошад, биё то вақти амалёт истироҳат намоем.
– Зид нестам Зинаҷон.
Зина, ки чунин ранг гирифтани амалётро орзу мекард акнун ба анҷоми нек умед дошт...
Қарибиҳои бегоҳ Сорбони Ҳомид ба идора омада, рост ба утоқи кории сардор рафт.
Қосимӣ бо телефон ба куҷое гап мезад. Сорбон хост ба қафо баргашта, дар қабулгоҳ интизор шавад, вале сардор ўро бо ишораи даст таклифи даромадан намуд. Лейтенанти калон ба курсӣ нишаста, аз ҷузъгир қоғазҳоро бароварда, бори дигар аз назар гузаронд.
– Ҳа, худи ҳозир омаданд. Намедонам бо чӣ дастовез омадаанд, вале мебинам, ки ҳуҷҷатҳоро аз ҷузъгир болои миз гузоштанд. Хайр, агар навигарӣ бошад, боз ба шумо занг мезанам.
Сорбони Ҳомид фаҳмид, ки Қосимӣ бо Зиёев гап зада истодааст ва мавзўи суҳбат ин парвандаи ҷиноятиест, ки ў ҳам баробари прокурор ва сардори шуъба дар кушоданаш мутасадист ва то замоне, ки ҷинояткор ё гурўҳи ҷинояткорон дар озодианд ин се тан ва боз дигар аъзоёни гурўҳи тафтишотӣ ором шуда наметавонанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор