Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Рафиқ капитан, – генерал ин дафъа ба тарафи Абдумаҷидов нигарист, – ман Шуморо барои кор ба КБД даъват мекунам!
– Барои илтифотатон ташаккур, рафиқ генерал, вале ман аз милиса ба ягон ҷо рафтанӣ нестам, ҳеҷ гоҳ орзуи вазифа ҳам накардаам. Ман дар милиса мемонам, чунки ин касби падари ман аст ва ў аз ҳамин кор ба нафақа рафт. Яъне ман бо нони милиса калон шудаам ва нонро хўрда ба намакдон туф карданӣ нестам...
– Афсўс, ки сухани моро рад кардед рафиқ Абдумаҷидов, вале ин эҳтиромамро нисбат ба Шумо ва милисса боз ҳам зиёдтар кард, – гуфт Ҷобиров ва илова намуд: – Ба Акрамов кӣ бояд вохўрад?
– Касеро ки Шумо фармоед, рафиқ генерал.
– Сиддиқӣ мераванд ва бояд шумо ҳам ҳамроҳашон бошед, то Акрамов ба кафолати додагиатон бовар намояд.
– Ба фикрам дар ҳамин ҷо миссияи* милиса тамом шуд ва ба он тарафаш мо ваколати дахолат намудан надорем, бино бар ин рафтани ман ба назди Акрамов бар хилофи ваколатҳоям аст ва барои эҳтиёт ману Акрамов як се сўмаро ду тақсим намудем, ки як порааш дар дасти ў ва пораи дигар дар дасти ман аст.
Абдумаҷидов он пораи се сўмаро ки бо худ оварда буд, аз киссааш бароварда, болои миз пеши генерал гузошт ва суханашро идома дод:
– Ҳар кас ки ҳамин пораро мебарад, Акрамов ба ў бовар хоҳад кард.
– Рафиқ Амириён бубинед, ин ҷавонони ҳозира то ба куҷо расидаанд, ҳатто дар мамлакати худ низ конспиратсияро** риоя мекунанд, – киноя карда гуфт Ҷобиров ва илова намуд:
– Гиред ин пораи сўматонро рафиқ капитан, беҳуда онро ҳайф намудед, ба ҷойи ҳодиса рафтан ё нарафтани шуморо акнун ман ва полковник Амириён ҳал мекунем. Ё гапам нодуруст рафиқ Амириён?

  • Миссия – супориш.
    ** Конспиратсия – махфӣ нигоҳ доштан.
пешина
аз 408
навбатӣ