АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

«Маълум мешавад ки ў ба хонаи хоҳараш нарафтааст ва Худо медонад, ки имрўз ҳам равад. Агар мерафт, албатта, мегуфт, ки касе дар хонаи Хумор будааст. Афсўс ки ман аз саросемагӣ он шишаи холии шаробу газаки болои мизро аз меҳмонхона гирифта напартофтам. Милисаҳо ҳам хело дер омаданд, вале худам шитобкорӣ кардам. Хайрият ҳамон даҳза лифт дар боло буду ман худро даруни он гирифтам. Намедонам маро ягон кас дид ё не… вале ман аз паси тиреза дидам, ки мўйсафеде ба тарафи тирезаи хонаи Хумор нигоҳ дорад. Ба фикрам аз чунин масофа ҳеҷ гоҳ маро набояд дида бошад.
Намедонам ў дар ҳамон лаҳза аз куҷо пайдо шуд. Чи хел тавонистам, ки Боқиевро ки ба панҷараи оҳанини балкон такя карда пеш аз парвоз аз манзараи шаҳр ҳаловат мебурд, яку якбора бардошта партоям. Вай ҳеҷ пай набурд, ки ман дар қасди ҷонаш ҳастам.
Чӣ хел Боқиев таклифамро рад накарда, барои хайрияти сафараш нўшбод гуфтанро қабул кард, ҳайронам. Хайрият, ки ду рўз пеш Нигор омада хонаҳоро ба тартиб дароварда буд. Ба фикрам ҳамаи изҳои мондаамро тоза кардам.
Ҳа, ҳақиқатан бо латта ҳамаро тоза кардам, ҳатто шишаи коняк ва пиёлаҳоро ҳам. Агар пештар ҳамроҳи Нигор нақше онҷо гузошта бошам мумкин, вале ин дафъа ягон нақши дасту пойи ман ва ҳатто худораҳматии Боқиев нест. Ҳеҷ нафаҳмидам, ки ин саҳар Камолиддинов чаро ба ҳамаи утоқҳои кории лабараторияи мо ташриф овард». Бо ин фикру хаёл Расул Муллоев барои гирифтани ҳавои тоза аз утоқи кориаш берун баромад…
Ҳаёт Алиевичро дар даромадгоҳи Раёсати корҳои дохилии шаҳр полковники милиса Маҳмудов, ки ҳамроҳи чанд тан кормандон суҳбат дошт, дида наздаш омад. Аслан онҳо чандин сол боз шиносанд. Он солҳо Камолиддинов корманди хурди илмии академия ва Маҳмудов нозири минтақавии маҳалае буд, ки Камолиддинов он ҷо иқомат дошт.
– Салом Ҳаёт Алиевич, – гўён Маҳмудов бо Камолиддинов вохўрӣ намуда, ўро ба утоқи кориаш даъват кард. Ҳарчанд утоқи кории Маҳмудов чун утоқи кори директории институт калону барҳаво набуд, вале тозаю озода буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё