Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Субҳи рўзи чоршанбе Расул ба Нигор занг зад. Онҳо хело суҳбат карданд.
– Ба фикрам боз партизан мешавем, – гуфт Нигор.
– Партизанӣ ҳам «шараф» аст, вале – ку он ҷангали анбўҳ.
– То имрўз ҷангал ҳам аз ҳисоби ман буд, – хандида гуфт Нигор. Акнун вақти он расидааст, ки шикорчӣ худаш ин тарафи корро бинад.
– Аслан мо ҳарду шикорчием.
– Не, ман аз сайде беш нестам ва намедонам, ки чаро аз сайёд дил кандани надорам.
– Ва сайёд ҳам бе чунин сайди зебо ҳеҷ аст.
– Агар сайёд бе сайдаш натавонад, пас чаро чорае намеандешад.
– Гуфтам – ку боз каме сабр кардан даркор.
– Ё мехоҳӣ аввал ман аз Зариф ҷудо шавам.
– Не, аввал ман бояд аз ҳасарам ҷудо шавам.
– Ҳеҷ боварӣ надорам, ки рўзе мешаваду шумо аз он «линчаи ғомук» (ишора ба зани ғафсу қадпастаки ў) халос шавед.
– Он рўз дур нест, ҷонам.
– Аз ту фақат ваъда.
– Наход бовар накунӣ?
– Чаро бовар мекардам, охир ман намехоҳам, ки як умр чун дузд бо ту вохўрам. Се – чор рўз пас Хумор ҳам моеяд ва мо ҳарду аз он «ҷангали анбўҳ» (хонаи Хумор дар назар аст) ҳам халос мешавем. Шуморо ку намедонам, вале ман дар фироқат девона хоҳам шуд.
– Шояд имрўз вохўрем?
– Ду соат пас Зариф меояд ва ман бояд ўро пешвоз гирам.
– Дўсташ надорӣ чаро пешвоз мегирӣ?
– Ҳоло ў ҳамсари қонунии ман аст ин як, ман аз ў фарзанд дорам ин ду, намедонам, ки дар дили шумо чист ин се ва то аз ҳамсаратон ҷудо нашавед ба ман занг заданро фаромўш намоед инаш чор, акнун фаҳмидед? – гўён Нигор гўшакро ба ҷояш гузошт.
Расул то хеле ба гуд – гуди телефон гўш дода, сипас гўшакро монд.

пешина
аз 408
навбатӣ