Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акбаршоҳ даст дод.
– Ғоибона шуморо нағз мешиносам, капитан ва чи хуш аст, ки имрўз аз наздик шинос шудам.
Амириён Сиддиқиро ба нишастан даъват кард ва ба Акбаршоҳ ишора намуд, ки чароғро даргиронад.
Шом шуда буд…
Онҳо ба муҳокимаи масъала пардохтанд. Сиддиқӣ сардори ШКД Амириён ва ваколатдори ККЧ Абдумаҷидовро пурра ба рафти воқеаҳое, ки ба қавли генерал Ҷобиров фазои идораашонро вайрон кардааст, шинос кард…
Амириён ва Акбаршоҳ ҳеҷ гумон надоштанд, ки корманди КБД ин хел рўйирост сирри идораашро мекушояд. Тарзи нигоҳи онҳо Сиддиқиро барои давом додани муколама водор сохт.
– Агар ба забони Гипократ гўем, «Дард он вақт вуҷуди беморро тарк мекунад, ки духтуру бемор аз ҳамдигар сирреро пинҳон накунанд». Охир, чӣ хел мешавад, ки ман аз шумо ёрӣ талабаму боз мақсадамро кушоду равшан нагўям. Дар чунин ҳолат шумо ҳеҷ гоҳ ба ман бовар намекардед ва вақте ки дар кор боварӣ ба якдигар нест, пешравиеро интизор шудан ғайри имкон аст…
Тири Сиддиқӣ ба нишон расид, муҳокимарониҳо дигар шуданд. Тарафҳо рўйирост ақидаҳои якдигарро рад мекарданд.
Капитан Абдумаҷидов низ он шубҳаеро, ки ҷосус ҷиноят содир кардааст ва то омадани Сиддиқӣ бо Амириён дар ин бора баҳс намуда буд, бори дигар такрор кард…
– Мефаҳмам, – гуфт Сиддиқӣ ва ба суханаш давом дод:– Дар ҳақиқат барои ҷосус гирифта гаштани як тапонча дар муддати сенздаҳ сол, ки аллакай як маротиба аз худ дар ҷойи ҷиноят нишона гузоштааст, ин бар хилофи ҳама гуна қонуну қоидаи разведка* аст. Вале як масъаларо набояд фаромўш, кунем, ки ҷосус ҳам одам аст, ақл ва ҷон дорад. Аз ҳамин нуқтаи назар бар хилофи ҳама гуна дастурамал метавонад пинҳонӣ яроқ ба даст овард, то дар лаҳзаи зарурӣ худро * Разведка – муассисаи махсуси давлатие, ки оид ба авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии дигар давлатҳо маълумот ҷамъ мекунад.

пешина
аз 408
навбатӣ