Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳақ ба ҷониби шумост, – гуфт ў ва оҳиста аз ҷой бархост.
Наташа ҳамеша ўро бо овози радио бедор мекунад.
Аввалҳо шавҳар аз чунин рафтори зан хафа мешуд, вале боре Наташа ба ў маҷаллаи «Тандурустӣ»– ро дода гуфт, ки саҳифаи охиронашро пурра хонад. Дар он навишта шуда буд: «Варзиши аввалини пагоҳирўзӣ барои зан ин бедор кардани шавҳар аст».
– Ин занҳо бало, – андешид ба худ Акбаршоҳ, – ҳар он чӣ ба фоидаи худашон ҳаст, бо далел исбот мекунанд.
Гўё бедор кардани ман барои ў варзиши пагоҳирўзӣ будааст...
– Субҳона тайёр, – гуфт Наташа ба шавҳар, ки акнун машғули риштарошӣ буд.
– Ҳозир меоям…
Дар ин лаҳза садои занги дар баланд шуд. Наташа дарро кушода, дар остона кампири Маҳин, бибии Насибаро дида, ўро ба хона даъват кард. Ва ба нею нестонаш нигоҳ накарда, ба сари дастурхон шинонд ва дар пиёла чой рехта, ба дасташ дод.
Кампири Маҳин баъди чойро нўшидан ба сари мақсад омад.
– Насибаро ба мактаб бурдан лозим, духтарам, вале қувватам намерасад. Мактаби паҳлуйи хона ҳаст, вале он мактаби миллӣ нест. Ўро ба мактаби миллӣ бурдан лозим, духтарам.
Падару модараш то ҳол дар санаторияи Есентукӣ. *
– Бинед, чи хел бепарвоянд одамони ин замона. Кўдаки бечора то пагоҳ хобаш набурд, ки кӣ ўро ба мактаб мебарад. Ба ў ваъда додам, ки амаки Акбаршоҳ ё холаи Наташа туро ба мактаб мебаранд. Пас аз ин сухан ғанабаш бурд.
– Хуб шудааст, холаҷон, мо ҳарду тайёрем, ки Насибаро ба мактаб бубарем.
– Акбаршоҳ ришашро тарошида, ба сари дастурхон омад.
Кампирро хайра мақдам гуфт. Наташа мақсади ташрифи бибии Насибаро баён намуд…
– Илоҳо ба сад дароед, серфарзанд шавед, дасти камро набинед, фарзандонам, омин, – гуфт кампири Маҳин ва аз ҷой бархост.
Наташа ўро гусел карда истода гуфт, ки ҳозир меравем, Насиба барои мактабравӣ тайёр шавад.

*Есентукӣ – шаҳрчаи курортие дар байни Минводи ва Кисловодск.

пешина
аз 408
навбатӣ