АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Оҳо, чӣ қадар меҳнат барои чидани ин қандҳо сарф намудаед, – гуфт Расулов.
– Гуфтам– ку, ин тўҳфа барои ҷиянчаҳо.
– Аз Бердичев ин қадар қанди сафедро бо дасти Ковалёва фиристодан магар шарт буд, ё гумон кардед, ки дар ин ҷо қанд нест?
– Шумо чиҳо гуфта истодаед, ман Ковалёваро ҳам намедонам.
– Ин коратон нағз не, Мухтор Вайсович. Ба ивази ҳамаи некиҳои Ирина Дмитриевна …
– Гуфтам– ку, ман Ковалёва ё чӣ хеле Шумо гуфтед, Ирина Дмитриевнаро намедонам.
– Шояд як донагӣ қанд ба мо тақсим кунед?
– Барои як дона қанд магар ҳамин халтачаҳои зеборо шикофтан шарт аст, охир гуфтам– ку, инҳо тўҳфа ба ҷиянчаҳо.
Норов рухсат пурсида, вориди утоқи кории маъмур шуд ва ба гўши Расулов оҳиста чизе гуфт.
– Мо ин ҷо ҳамагӣ панҷ нафар, Шумо аз додани як қандӣ барои мо саркашӣ кардед, акнун боз ду нафари дигар меоянд ва яку якбора ҳафт дона қандро аз даст хоҳед дод.
– Як дона қанд чӣ мешавад, беҳтараш ҳар кадоматон як халтачаӣ гиред ва маро ба ҳоли худ гузоред.
– Пас ба ҷиянчаҳо Шумо чӣ ҷавоб медиҳед ?
– Ягон илоҷашро меёбам, – худро бепарво вонамуд сохтанӣ шуд Умаров.
– Мухтор Вайсович, мо ин тўҳфаи Шуморо қабул карда наметавонем.
– Чаро.
– Якум барои он, ки рўҳи Ковалёва моро ором намегузорад.
– Дуюмаш чӣ?
– Дуюмаш он, ки пора гирифтанӣ нестем.
– Чӣ як килограм қанд магар пора ҳисоб мешавад, о бо чунин нархи ночиз кӣ шуморо гунаҳкор мекунад.
Дар кушода шуду суҳбати Умарову Расулов нотамом монд.
Ба утоқи корӣ Шарифӣ ва Абдумаҷидов даромаданд. Расулов онҳоро ба Умаров муаррифӣ кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо