Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў бори дигар ба қафояш нигарист аз он шахсоне, ки дар истгоҳ фаромаданд, касе аз қафояшон наомад, ё ба назараш чунин намуд.
Дигар дар бисотам, тангае нест, дар хона ҳам пул надорам.
– Меёбӣ
– Аз куҷо?
– Инаш кори ман нест.
Онҳо чи тавр ба назди хона расиданашонро нафаҳмиданд.
– Светлана Андреевна, Светлана Андреевна гуфтани касе ба гўшаш расид. Ў худро ба нодонӣ зада вориди бино шудан хост, вале овоз бори дигар садо дод.
Ў ноилоҷ ба қафо баргашта дар рў ба рўяш Абдумаҷидовро дид.
... 23 …

Ваколатдори шўъбаи назорати иқтисодӣ лейтенанти калони милиса Сафолбек Расулзода тайи ду рўзи охир дар маркази хабарии ВКД кор кард. Сардори маркази итилоотии вазорат полковники милиса Қосимӣ гузориши Расулзодаро аз назар гузаронида, ба зердастонаш супориш дод, ки дар муҳлати кўтоҳтарин ба гузориши лейтенанти калон ҷавоб тайёр намоянд. Дар муҳлате, ки кормандони маркази хабарӣ ба омўзиши ҳуҷҷатҳои дар Бойгонии марказӣ мавҷудбуда машғул буданд, Сафолбек Расулзода бо чанде аз кормандони собиқадори Раёсати мубориза оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ вохўрда, оид ба артелҳои заршўйӣ дар минтақаи қаторкўҳҳои Пётри якум ва Дарвоз пурсон шуд.
– Писарам, дар он ҷойе, ки тилло ҳаст ба назорати сахт ҳам нигоҳ накарда дуздӣ мешавад ва он вақтҳо ман дар ҳамин синну соли шумо будам, – гуфт майори милиса Қаюмов...
Сафолбек нақли Ҳамроҳ Қаюмовро шунида, ба маркази хабарӣ омад ва дар ин бора ба Қосимӣ хабар дод.
– Офарин, рафиқ лейтенанти калон, акнун кор тезтар мешавад. Қосимов тугмаи зангро зер кард. Котиба рухсат пурсида даромад.
– Ба Саодат Мирзоевна гўед, ки ҳуҷҷатҳои солҳои 1985– 1990– ро аз назар гузаронад.

пешина
аз 408
навбатӣ