Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд пешхизматро ин супориши миҷоз хуш наомад, вале ночор баҳри иҷрои он шитофт ва лаҳзае пас ў куружкаи пиворо наздаш гузошта бо дили нохоҳам барояш истироҳати бофароғат орзу кард.
Мард ҳамагӣ як – ду қулт пиво нўшида куружкаро болои миз гузошт ва боз даст ба ҷайб бурд. Аз лаҳзаи ба ҷойи вохўрӣ омадан ин бори чорум аст, ки ў дар ҷайбаш калидҳоро даст – даст карда ба буданашон боварӣ ҳосил карданӣ шуд. Охир ин калидҳо калиди оддӣ не, балки агар бахт ба рўяш хандад калиди мўъҷизавӣ ва тақдирсозанд. Маҳз ў онҳоро ба ҳамин мақсад се рўзи пеш аз ин вохўрӣ аз паси оинаи даҳлези Нигор пинҳонӣ гирифт ва ин вохўрӣ ҳам барои баргаронидани ҳамин калидҳост ва кош вай чизеро пайхас накунад…
Ў аз тиреза ба берун нигариста фикр мекард: «Касе ки ҷойи хешро намедонад, аҳволаш ҳамин. О, ман аз Боқиев чӣ камӣ доштам, ки сарвари кафедра нашудам. Шояд Камолиддинов ягон пора гирифта бошад. Боқиев ҳамагӣ як сол боз дар институт кор мекунад, ман бошам як умр. Шояд дар боло ягон пушту паноҳ дошт. Акнун бигзор пушту паноҳаш зану фарзандашро нигоҳбон шаванд. Шояд ин дафъа ақли Камолиддинов ба ҷояш мезанаду ҳангоми интихоби кадрҳо ба дулобкориҳо роҳ намедиҳад…»
– Ассалому аклайкум!
Ў ба тарафи овоз гашта, дар рў ба рўяш Нигорро дида, баъди салом ўро ба нишастан таклиф кард…

Телефон занг заду Ситора аз ошхона, ки хўрок пухтанӣ буд, ба даҳлез баромада гўшакро бардошт. Гумон дошт, ки ҳамсараш Давлат аз Алма Ато занг мезанад, вале дугонааш Гулдаста телефон карда, фардо ўро ба меҳмонӣ таклиф намуд.
– Ба гумон аст, ки омада тавонам.
– Чаро наметавонӣ?
– Агар то фардо дадои Замира занг занад, ҳатман меояд, вагарна маҷбурам, ки занги ўро интизор шавам…
– Кошки мардҳо ҳам мисли мо ҳамин хел муҳаббатро пос медоштанд. Дар хона ваъда медиҳанду чун бадар рафтанд ҳамоно фаромўш месозанд.

пешина
аз 408
навбатӣ