АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ва танҳо вақте ки домодам маро ба хонааш овард, вуҷудамро ларза гирифт. Охир рафту он кас дўзд бошад, андешидам ба худ, агар ягон чизи хонаи ҳамсояро барад, пас мо дар назди ҳамсояамон Тоҳирҷон чӣ ҷавоб медиҳем. Дар ин бора ман ба духтарам Савсан рози дил кардам, вале Савсан маро ором намуда гуфт, ки дари хонаи акои Тоҳирҷон оҳанин аст. Шояд худи акаи Тоҳирҷон аз хориҷа баргашта бошад. Аз баски ман худам шахсеро ки ба хона ворид шуд надидам, ба суханони Савсан бовар кардам…
– Ин кадом вақт буд?
– Вақте ки ба хонаи домодам расидему ў соатро пурсид марди роҳгузаре гуфт, ки соат ёздаҳ шудааст
– Аз ин ҷо то хонаи духтаратон чӣ қадар роҳ аст.
– Камакак бачам.
Сорбони Ҳомид ҳеҷ нафаҳмид, ки камакакаш чанд бошад, бинобар ин аз пиразан суроғаи духтарашро пурсид.
– Дар маҳалаи Испечак зиндагӣ дорад, рақами хонаашро аз куҷо медонам, – гўён кампир аз ҷой бархоста узр пурсид, ки рафтанаш даркор, чунки вақти адои намози шом шуда истодааст.
Ҳарчанд Сорбони Ҳомид суҳбати хешро бо пиразан ба расмият дароварда натавонист, вале аз асли воқеа огоҳ шуд, ки ин барои ў аз ҳама муҳим буд…
Ҳанўз ў аз паҳлуи бино нагузашта буд, ки аз баландгўяки масҷиди байни биноҳо азони шом доданд ва ў сари зону нишаста гўш ба азон дод…
Ў ҳамагӣ даҳ дақиқа пеш аз вақти таъинашудаи Нигора ба ҷойи вохўрӣ омад. Тарабхонаи «Ором» дар ин бегоҳии рўзи душанбе камодам буд. Аз чӣ бошад, ки чун ҳарвақта Нигорро на дар берун балки дар дохили тарабхона интизор шудан хост.
Ба он ҷо ворид шуда, дар як нигоҳ ҳамаро аз назар гузаронд ва ба яке аз мизҳои паҳлўи тиреза омада нишаст. Пешхизмат, ки аз бекорӣ дар кунҷаке менишаст наздаш омад.
– Хўш омадед, марҳамат чӣ мефармоед?
– Як пиво!
– Тамом?
– Ҳа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё