Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин муфаттиш Шарифӣ дар ин бора ба номи сардори шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Гулистон супориши ҷудогона фиристод.
Соати бисту ду гурўҳи фаврӣ аз рўйи парвандаи ҷиноятии 214, ки прокуратураи ноҳияи Гулистон мувофиқи факти куштори Ковалёва И. Д. оғоз намуда буд, дар утоқи кори сардори шўъба ҷамъ омаданд. Дар маҷлиси таъҷилӣ муфаттиши прокуратура, мушовири адлияи дараҷаи якум Аҳмад Шарифӣ низ иштирок дошт. Сардор оид ба кори гурўҳи фаврӣ дар давоми даҳ рўзи баъди содиршави ҷиноят сухан ронда, аз ҷумла гуфт, ки баъзе кормандони мо аз кор дида дар пешниҳоди назарияҳо қобилтаранд. Субҳи имрўз капитани милиса Абдумаҷидов назарияи наверо пешниҳод кард, ки бояд дар амалиёт кормадони шўъбаи ҷиноятҳои иқтисодӣ иштирок кунанду фаъолияти бист соли гузаштаи артелҳои заршўиро дар минтақаи қаторкўҳҳои Пётри якум ва Дарвоз мавриди омўзиш қарор диҳанд. Муҳтарам Шарифӣ бошад дар асоси моддаи 45 КМҶ дар ҳамин бора ба ман супориши ҷудогона фиристодааст.
Дар давоми даҳ рўзи охир Абдумаҷидов он қадар назария пешниҳод кард, ки худ аз кадом нуги он гирифтанашро намедонад. Бо ин доногӣ ў ҳам худ ва ҳам моро дар аъроф монда.
– Назарияҳоро дар рафти тафтишоти ҳолатҳои ба амаломада пешниҳод мекунанд рафиқ майор, – сухан гирифта гуфт Аҳмад Шарифӣ. – Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки маҳз ҳамин суханонро аз забони шумо мешунавам. Ба фикрам шумо аз юриспруденсия фарсахҳо дуред ва ё ба назари ман ҳамин хел менамояд.
– Суханатонро дониста гўйед рафиқ Шарифӣ, – шўрида гуфт Ёров.
– Ман гурба нестам, ки ба рўятон чанг занам, вале шумо ҳақ надоред, ки сафедро сиёҳ гўйед. Канӣ ба ман гўйед, ки кадоме аз ҳамин нишастагон ба истиснои Абдумаҷидов дар ҳамин парвандаи ҷиноятӣ саҳме гузоштааст?

пешина
аз 408
навбатӣ