АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Наход ягон кас ба бино даромадани шахси бегонаро надида бошад? – даст аз пешонӣ гирифта пурсид Сендеров. – Маълум мешавад, ки дуруст напурсидед, вагарна одам ин магас нест, ки дар рўзи рўшан аз чашми атрофиён пинҳон монад.
Фарз кардем даромаданашро надиданд, вале наход ягон кас баромадани шахси шубҳанокро надида бошад? Гуфтед, ки замоне мўйсафеди аробакаш шикорчӣ будааст ва шояд чашмонаш уқобӣ бошанд. Агар шуҳбае бошад бояд як бор ўро аз санҷиш гузаронем.
– Чӣ хел?
– Фардо мўйсафедро бо баҳонае аз ҳамон раҳ гузаронед.
Дар ҳамон вақти муқараршуда ман дар хонаи шафти нишон– додаи мўйсафед дар паси тиреза меистам ва ё ягон касро мемонам. Шумо то паҳлўи ҳамон бино мўйсаферо ба гап гиред ва яку якбора гўед, ки бори дигар ҳамон тирезаро нишод диҳад.
– Хайр нишон дод, пас чӣ мешавад?
– Агар мўйсафед дар ҳақиқат чунин чашми тезбин дошта бошад, ў дар хонаи шафат ҳам сўробро дар паси пардаи тиреза дида метавонад. Дар он сурат мо розигии прокурорро барои аз назар гузаронидани он хонаи «мўъҷизанок» гирифта метавонем.
– Ба гумон аст Соиб Сулаймонов розӣ шавад, ў аллакай суханашро гуфт ва бе далелҳои раднашаванда Худо медонад, ки…
– Попытка не пытка.
– Майлаш бигзор гуфти Шумо шавад рафиқ, майор, вале беҳтар мебуд, ки санҷиши мўйсафед ҳам расман дар доираи қонун барпо мешуд.
– Барои санҷиши расмӣ то ҳанўз вақт ҳаст, ба вуҷуди ин мўйсафед худаш ҳам пурра боварӣ надоштааст, ки дар асл сўробро дидааст. Аз ин рў аз санҷиши ғайрирасмӣ мо ба тафтишот заррае зарар намеоварем. Фақат фаҳмиданием, ки оё қобилияти биноии мўйсафед то ба кадом дараҷа расидааст.
Рафту мўйсафед дар ҳақиқат чунин қобилияти фавқултабиӣ надошта бошад, дар он сурат тафтишот ранги дигар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё