Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба зами ин духтараш Олия ҳам дар Москва мезист ва дар лаҳзаи душвор саробони модар шуда метавонист…
Нина Петровна аз солҳои сиюм ҳамроҳи модараш, ки яке аз геологҳои хизматнишондода буду дар Помир корҳои тадқиқотӣ мебурд, зиндагӣ намуда, меҳри ин сарзамини зебоманзарро тамоми умр дар қалбаш нигоҳ медошт. Вақте ки Алексей бо духтари тоҷикистонӣ Надежда издивоҷ кард, шодию сурури модарро интиҳо намуд. Ў гумон дошт, ки ягон рўз ҳамроҳи келину набераҳо ба тамошои Тоҷикистон меравад, вале баъди чандин моҳи тўйи онҳо СССР пош хўрд. Сипас, даргириҳои сиёсӣ байни тоҷикон сар шуд ва муддати чандин сол Надя ҳам ба айёдати волидонаш омада натавонист. Ниҳоят чун байни тоҷикон сулҳу оромӣ барқарор шуд, Надя мақсади якбора ба Тоҷикистон омадан кард. Сараввал Алексей розӣ нашуд. Ў ҳеҷ намехост, ки ҷойи корашро аз даст диҳад, вале якравии ҳамсарашро дида сухани Л.Н. Толстойро «Барои он ки байнатон муносибатҳои оилавӣ вайрон нашавад, одатҳои дағали дуруштӣ ва бегонашавӣ рўй надиҳад, эҳтиёткору бомулоҳиза бошед…» – ро ба ёд овард…
Дирўз Алексей Владимирович ба сафари хизматӣ ба Ҳисор рафта буд. Имрўз баргашта аз Сорбони Ҳомид воқеаи дирўз рухдодаро шунида, даст ба пешона монда, ба андеша фурў рафт…

Гурўҳи назорати берунӣ, ки назорати ошёнаи охирини бинои нўҳошёнаро бар ўҳда доштанд, дар давоми шабонарўзи аввал ҳеҷ дигаргуниеро ки боиси таваҷҷўҳи милиса шуда тавонад мушоҳида накарданд. Дар ин бора сардори гурўҳ, сержанти милиса Фозилов ба номи сардори шўъба гузориш пешниҳод намуд.
Абдуҷаббори Ислом, ки акнун ҳамаи баду неки ин идораи бонуфузро бар дўш дошт, баъди гузориши Фозилов як гўшаи дилаш хиҷил шуд. Албатта, ҷинояткор дер ё зуд барои аз байн бурдани нақши мондааш ба он манзил ташриф хоҳад овард. Аз ин рў ў ба командири дастаи хизмати патрулӣ супориш дод, ки посбонҳои дирўзаро иваз намояд…

пешина
аз 408
навбатӣ