Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муллоев ҳайрон – ҳайрон гоҳ ба Нигор ва гоҳ ба тарафи милисионерон назар карда чӣ кор карданашро нафаҳмид.
Ҳалқаҳои ялаққосӣ дар банди дастонаш тоб хўрданд.
Сорбони Ҳомид аз анҷоми пурраи амалиёти «Гирдоб» ба Марказ хабар дода, гурўҳи фаврӣ – тафтишотро ба ҷойи ҳодиса даъват кард.
– Ана, ҳамин хел, рафиқ Муллоев, саҳна тамом,– гуфт ў…
ПОРАИ

ҚАНД

Қисса
Ситораи капитани милиса Абдумаҷидов ба сардори нави шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Гулистон майори милиса Раҷаб Ёров ҳеҷ рост наомад, ки наомад. Дониши хуб ва маҳорати баланди касбии Абдумаҷидовро эътироф накардан ғайри имкон буд. Сухан ва амали капитани милиса як буд.
Аммо мисли бархе аз кормандон, ки имрўз номашон вирди забони Раҷаб Ёров буд, сиёҳро сафед намегуфт. Лаганбардорони сардор бошанд, то андозае метавонистанд, ўро сиёҳ мекарданд.
Раҷаб Ёров ҳам дар давоми се моҳи сардор будан на як бору ду бор оид ба баъзе масъалаҳо бо Абдумаҷидов баҳс кард, вале оқибат дурустии суханони Абдумаҷидов исбот шуданду сардор ўро рақиби худ шумурд. Ҳеҷ фаҳмидан намехост, ки донишу маҳорати касбии Абдумаҷидов танҳо ба манфиати кор аст.
Акбаршоҳ бошад вазифаи худро софдилона иҷро мекард ва дар лаҳзаҳои фориғ аз кор бештар «Девон»– и Ҳофизро қироат менамуд. Бино бар ин баъзеҳо бо тамасхур ўро шоир мегуфтанд, аз ҷумла Раҷаб Ёров ҳам.
Ҳамагӣ чанд сол пеш вақте Абдумаҷидов дар факултети ҳуқуқи донишгоҳ таҳсил дошт, ҳеҷ ба гўшаи хотир ҳам намеовард, ки маҷрои зиндагӣ тамоми нопокиҳои ҷомеаро ба милиса меорад ва маҳз ҳамин нопокиҳо боиси ташвишҳои минбаъдаи ў мешаванд…
Занги телефон Акбаршоҳро маҷбур сохт, ки лаҳзае «Девон»– и Ҳофизро аз даст гузорад.
– Абдумаҷидов гўш мекунад.
– Рафиқ капитан, ба назди сардор дароед, – хабар дод навбатдори шўъба Баҳронов.
Лаҳзае пас ў рухсат пурсида, вориди кабинети сардор шуд.
– Ҳа, шоир, марҳамат.
– Шуморо гўш мекунам, рафиқ майор.
– Шаби гузашта вақте, ки шумо дар хона масти хоб будед ва ё шояд шеъраке менавиштед, ҷавонзане дар Боғи дўстӣ худро овехтааст. Тааҷҷубовараш он аст, ки худро овехтан рафта, бо худ ҳуҷҷате нагирифтааст. Ў ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовардааст, ки Шерлок Холмси мо аз кор дида ба хондани китобҳои беҳуда ва навиштани шеърҳои нодаркор завқи бештаре дорад.

пешина
аз 408
навбатӣ