АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Нигор ки то ҳанўз дудила буд ба хулосае омад, ки дар суханони милисионер заррае муболиға нест ва ҷони ў дар хатар аст ва танҳо бо ёрии худи ў метавонад гиреҳи ин муаммои сарбаста кушода шавад…
– Сеюм, ман Марказ, чаро хомўшед?
Нигор ба нигоҳи тези милисионер ки ҷўё суоли хеш буд тоб наоварда сар ба зер афканда гуфт:
– Ман розӣ.
– Марказ, ман сеюм, натиҷаи кори мо мусбӣ ҳал шуд…
– Ман Марказ, ба сеюм танҳо ба сеюм. Ба иҷрои амалиёти «Гирдоб» рухсат медиҳад.
– Марказ, ман сеюм, иҷрои амалиёти «Гирдоб»–ро ба дўш гирифтам қабул.
– Диққат, ман Марказ, ба ҳама. Аз соати 10 – 52 дақиқа танҳо ба сеюм, ки иҷрои ҳама супоришаш барои шумо ҳатмист итоат намоед, қабул.
– Ман Якум, фаҳмидам.
– Ман Дуюм, фаҳмидам.
– Ман Чорум, фаҳмидам.
Сорбони Ҳомид бори дигар Бурҳоноваро ҳушдор сохта «нақши» ўро дар ин амалиёт фаҳмонда дод ва соати 10 – 54 аз хонаи Бурҳонова бадар рафт…
Нигор лаҳзае байни чор девори лолу карахт монд.
Ў аз суханони корманди милиса хафа нашуд, ҳарчанд ҳар як суханаш чун нештар ба мағзу устухонаш даромад. Агар дар ҳақиқат Расул қасди ҷони ў намуда бошад, милисаҳо одамони назаркардаанд. Ё шояд таҳлил ба онҳо имконият додаст, ки чунин хулоса бароранд. Хайр канӣ бинем, чӣ мешавад? Ба ҷуз заҳр Муллоев ба ман дигар чизе дода ё коре карда наметавонад. Бояд марги ман аз худкушӣ зиёд набошад. Бубин, лаънатиро то куҷоҳо фикр кардааст. Агар ман худкушӣ кунам ҳама гумон мекунанд, ки қотили Боқиев будам ва дигар худро ба даст гирифта натавониста, ба чунин кори паст даст задам.
Раҳматӣ бибиям ҳамеша таъкид мекард одаме ки ба худкушӣ даст задаст, аз шафоати пайғамбар маҳрум мешавад ва бояд ўро ҷаноза накунанд. Бубин, баҳри ман чӣ «тўҳфае» тайёр карда аст. Оне ки лофи муҳаббат мезад ва ба хоки поям бўса мезад, акнун дар лаҳзаи мушкил чун кўрмуш аз киштии ғарқшудаистода гурехтанист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё