Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

умуман, ҳар як шахс дар натиҷаи тарбияи дурусти падару модар, боғчаю мактаб, таҳсилоти олӣ ва кору фаъолият дар ташкилотҳо бо меҳнату вақти зиёди фаъолият ва мутолиаи адабиётҳои таърихию дидани филму наворҳои маданӣ ва тарбиявӣ ва намоишҳои театрӣ ва консертӣ аз худ карда метавонад. Аз ин нигоҳ, маданият худ инкишофи ҷамъиятӣ буда, риояи пурраи меъёрҳои он моро ба мақсадҳои волоямон бурда мерасонад.

  1. Маданият ҳамчун функцияи эҷодкорию ихтирооти менеҷмент.

Маданият ҳамчун функцияи эҷодкорӣ ва навоварӣ дар менеҷмент бояд риоя ва инкишоф дода шавад. Менеҷменте, ки маданияти иҷтимоии миллии худро надорад, монанди мурғи беболу парест, ки парвоз карда натавониста, аз каме сардӣ ба зери сояи касе паноҳ мебарад ва ё зери пои дигарон нобуд мегардад.

Дар ҳақиқат, аз замонҳои қадим бузургону донишмандон ва сарварону роҳбарон нигоҳдоранда, ташаккулдиҳанда ва эҷодкорони маданӣ буданд, ки баъдан халқ онро ҳамчун меъёри рафтори баланди инсонӣ қабул доштанд. Дар натиҷаи пайдо гаштани меъёри бартариятдори ақлонӣ ҷомеа аз дигар рафтори номатлуб даст мекашад. Бояд гуфт, ки падару модар низ аз аввал эҷодкору барандаи маданияти баланди инсонӣ буда, сангҳои аввали тарбиявии инсониро онҳо барои насли оянда мегузоранд ва баробари донишмандону сарварону роҳбарони менеҷмент масъулияти баландро бар дӯш доранд. Аз ин хотир, метавон гуфт, ки тамоми ҷомеаи башарӣ барои эҷодкорию ташаккули маданияти иҷтимоӣ вазифадор мебошанд. Фақат як нуқтаро бояд таъкид созем, ки новобаста бар он, ки арзишҳои инсонӣ ба ҳама халқу миллатҳо қариб якхела қабул шуда бошанд ҳам, хислатҳои хоси миллию минтақавие вуҷуд доранд, ки онҳоро мо бояд дар назар дошта бошем. Мо имрӯз хусусияти хоси маданияти шарқӣ, ғарбӣ, амрикой ва омехтаро ҷудо менамоем, ки дар ҳақиқат аз якдигар фарқияти калон доранд. Аз нигоҳи мо, барои нигоҳдории оромии ҷомеа ва устувории миллӣ, тозагии маданияти иҷтимоӣ, дар баробари ташкили давлати миллӣ институтҳои махсусе, ки мутахассисони ихтисосманди ҷомеашиносӣ доранд, бояд оид ба арзишҳои баланд ва меъёрҳои маданияти иҷтимоии миллӣ асарҳо эҷод карда, корҳои илмию тадқиқотӣ бубаранд ва онҳоро бевосита дар

пешина
аз 463
навбатӣ