Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
амал ҷорӣ намоянд. Маълум мегардад, ки маданият ҳамчун қисми таркибии инкишоф ва ташаккули эҷодкорӣ мақоми арзанда дошта, ҳамчун раванди махсуси хештаншиносӣ дар менеҷмент бояд инкишоф дода шавад. Ҳатто, ташаккули олии ин мӯъҷизаи маънавӣ ба менеҷменти корхона имкон медиҳад, ки онҳо маданияти дохилаи корхонаи худро ташкил намуда, оҳиста — оҳиста ба атрофиён ва баъдан пурра дар ҷомеа паҳн намояд. Ин фаъолият шароит фароҳам меорад, ки самаранокии кори менеҷмент баланд ва низоми корӣ пурра ҷорӣ гардад. Нуқтаи дигарро низ бояд таъкид дошт, ки ташаккул ва инкишофи маданияти иҷтимоиро дар корхона бо роҳи коркард ва амалигардонии арзишҳою меъёрҳо таъмин намудан нокифоя буда, фақат ҳангоми ҷорӣ кардани истеҳсоли моли маданӣ мо метавонем онро устувор нигоҳ дорем. Ба инобатгирии талаботи маънавии одамон дар вақти ташкили истеҳсолот ва банақшагирии моли нав имкон медиҳад, ки мо маданияти баланди инкишоф дошта бошем.
- Маданият ҳамчун ҷамъи дастовардҳои фаъолияти менеҷмент.
Аз гуфтаҳои боло хулоса баровардан мумкин аст, ки маданиятро ҳамчун дастовардҳои кулли инсонӣ метавон баҳо дод, ки дар натиҷаи фаҳмиши муҳити табиӣ ва инкишофи биологӣ ба даст оварда шудааст. Чунин нишонaи муайянкунии маданият мазмуни онро дорад, ки он тамоми доираи фаъолияти инсониро дар бар мегирад: аз он ҷумла истеҳсолот ва истеъмолот, маориф ва илм, техника ва технология, муносибатҳои оилавию оиладорӣ, сохтори давлатдорӣ, дину оин ва ғ. Пас, мебояд тамоми фаъолиятҳои истеҳсолию истеъмолӣ ва оиладорию дину оиндорӣ аз рӯи арзишҳои баланде, ки маданияти иҷтимоӣ тасдиқ ва пешниҳод намудааст, амалӣ гарданд. Аммо аксар мавридҳо мо вайронкунии ин арзишҳоро мушоҳида менамоем, ки ин аз сатҳи пасти инкишофи менеҷменти корхонаҳо гувоҳӣ медиҳад. Маҳз аз чунин ҳолигии мадании рафтори мо гурӯҳҳои террористию равияҳои динии дорои таълимоти ғайримаданӣ истифода карда, ҳадафҳои номатлуби худро дар ҷомеа ҷорӣ месозанд, ки ин аксар маврид ба нооромии ҷомеа ва хунрезию одамкушиҳо анҷом меёбад. Албатта, моро зарур аст, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар менеҷменти муосири тоҷик арзишҳо ва меъёрҳои мадании баланду замонавиеро ворид намоем, ки умуман инкишофро таъмин карда тавонад. Маҳсули

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё