Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
ёфтани миллатҳои гуногун бо танг кардани ҷои дин ва ҳокимият ба майдон омадааст, чунки дар давраи зиёди ҷамъияти инсонӣ рафтори одамонро бо қувваи ҳокимиятдорӣ, давлат ва дин нигоҳ медоштанд. Инсон бошад, ҳамчун итоаткунандаи ин ду қувва ва қисми таркибии табиат шинохта шуда, вазифаи асоснашро дар хизмати ин ду қувва медид.
Баъдан, вақте ки истеҳсолот пайдо гашта, коркарди хок, ашё ва металҳо ба миён меояд, инсоният вобаста ба шаклу намуди фаъолияташ рафтори муайянро одати худ сохта, умр ба сар мебарад. Илму дониши дунявии тиб, ситорашиносӣ, риёзиёт, фалсафа ва ғайра пайдо мегардад, ки дар Шарқ асосгуворонашро миллати тоҷик ташкил медоданд ва мо онро дар қисми 4-уми китобамон гуфта гузаштаем. Инчунин, нишонаҳои хоси маданӣ пайдо гардиданд. Дар Ғарб бошад, илму дониши зикргардида, баъдтар асрҳои XV ва XVI, ҳатто асрҳои XIX ҳамчун қисми мустақили низоми ҷамъиятӣ шинохта мешавад. Акнун ҷамъияти инсонӣ дорои хазинаи бузурги маданӣ буда, тавонистааст, ки худро ҳамчун инсони фикркунанда ва соҳибақл, фаъолияти бошуурона дошта, аз рӯи арзишҳою меъёрҳои баланди инсонӣ кору фаъолият ва ҳуқуқи маънавии худро аз ҳокимиятдорому диндорон ҳимоя намояд.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки маданият дар натиҷаи инкишофи тафаккури инсонӣ тавлид гашта, дар баробари фаъолияти ӯ боз ташаккул ёфтааст. Пас, маданиятро бояд ҳамчун қисми таркибӣ ва воқеии инкишофи менеҷмент шинохт. Таърихи менеҷмент гувоҳи он аст, ки аввалин роҳбаронро дар натиҷаи қобилияти баланди ақлонии кордониашон мардум қабул карда, ба онҳо итоат менамуданд. Ин қоидаи ташаккули менеҷмент баъдан боз дар мамолик, ки эҳтироми баланд нисбат ба маданияти иҷтимоӣ доранд, инкишоф ёфтааст.
Аслан, дар байни ҷомеа бошад, он рафтори меъёрӣ ва ақлоние, ки аксарият қабул доранд, рафтори маданӣ номида шуда, берун аз он бо истилоҳи бемаданият баҳо дода мешавад. Аз ин хотир, фаҳмиши халқии маданият низ инкишофи маънавии шахсро дар назар дорад, яъне донишу донишмандӣ, маълумоти баланди касбӣ доштан, тозаю ҳалиму зебо рафтор кардан, забони адабии модарии худ ва забонҳои хориҷиро донистан, ҳамчун нишонаҳои маданиятнокии роҳбар баҳо дода мешавад. Албатта, чунин арзишҳоро роҳбар ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё