Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Маданияти иҷтимоӣ боигарии ҳаёти ҷамъиятӣ буда, системаи муайяни арзишҳоро дар байни гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ нигоҳ медорад, яъне ҳамчун механизми идоракунии ҷамъиятӣ муаррифӣ гашта, ягонагии миллӣ ва мустақилияти инкишофи ҷамъиятиро таъмин месозад.
-
Маданиятшиносии роҳбарӣ на фақат барои менеҷмент хизмат мерасонад, балки он барои инкишофи оила, корхона, соҳа, давлату миллат саҳм дошта, роҳи воқеии инкишофи илму маориф, ташкилотҳои динию эҷодӣ, инкишофи соҳибкорӣ, ташкилу фаъолияти хоҷагидорӣ дар кишоварзӣ ва ҳатто барои баланд гаштани шуури сиёсии ҷомеа шароит муҳайё менамояд.
-
Дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодию иҷтимоии ҷаҳонӣ маданияти иҷтимоии умумибашарӣ дар ривоҷу равнақ қарор дорад, ки дар асоси меъёрҳо ва арзишҳои байнимиллии маданӣ ва инсонӣ инкишоф ёфта истодааст. Вазифаи роҳбарон дар менеҷменти муосири тоҷик ҳиссаи муносиб гузоштан дар маданияти роҳбарии ҷаҳонӣ ва пешсафиро соҳиб гаштан дар ин ҷараён мебошад. Аз нигоҳи мо, маҳз, расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ имкони чунин мақоморо соҳиб гаштани менеҷменти тоҷикро фароҳам оварда метавонад.
Аз гуфтаҳои боло оид ба моҳияти илмию иқтисодии маданияти роҳбарӣ бармеояд, ки имрӯз маданият барои роҳбарӣ дар менеҷмент хеле зарур буда, дар ташаккули он нақшҳои зерин мебозад:
- Маданият ҳамчун зинаи инкишофи менеҷмент.
- Маданият ҳамчун функцияи вуҷудкурию ихтирооти менеҷмент.
- Маданият ҳамчун ҷамъи дастовардҳои фаъолияти менеҷмент.
- Маданият ҳамчун функцияи гуногуншаклӣ ва нигоҳдории рақобати бозори корхона.
- Маданият ҳамчун санъати баланди истифодаи вақт ва хештаншиносии менеҷмент.
Барои равшантар шудани ҳар яке аз ин функцияҳо мо онҳоро ба таври мухтасар баҳогузорӣ менамоем.
- Маданият ҳамчун зинаи инкишофи менеҷмент.
Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки гарчанде таърихи инсоният давраҳои тӯлонии ҷамъиятиро аз сар гузаронида бошад ҳам, маданияти иҷтимоӣ нисбатан хеле ҷавон буда, он дар натиҷаи ташаккули маданияти хоҷагидорӣ ва тавлид

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё