Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бошанд, кӯдак тарбияи хуб гирифта, аз ҳаёт бисёр дигар чизҳои заруриро дуруст омӯхта, ба муваффақиятҳо ноил ва шахсияти мӯътабари ҷомеа мегардад. Ин гуна одамон худэҳтиром ва худшинос шуда, аз ҳар гуна муҳити нодурусти ҷомеа худро ҳимоя карда метавонанд. Бояд қайд кард, ки дар ин ҷода илму дониши дунявӣ ва динӣ мақоми арзанда дошта, шахсро доимо инкишоф медиҳад ва ҳамчун нақши об бар дарахти пурмева мебошад.

Албатта, зиндагӣ боз рафтану афтиданҳо, баландию пастиҳо, некию бадиҳо, дӯстию душманиҳо, равшанӣ ва торикиҳо дорад, ки аз ҳар як фард боз мустаҳкамии ақлонӣ ва боварии илоҳиро талаб намуда, дар натиҷаи таҷриба ва дарки дурусти ин қонуниятҳо пушти сар мегарданд.

Маҳз, чунин ҳолатҳо олимону донишмандонро маҷбур месозад, ки қалам ба даст гирифта, оид ба хештаншиносии роҳбарӣ асарҳо иншо намуда, роҳбаронро, ки қариб 75% муваффақиятҳо ва низоми фаъолияти ташкилоту ҷамъияти инсонӣ аз он вобастагӣ доранд, ба ин роҳ ҳидоят намоянд.

Олимонро ворисони пайғомбарон ва ҳидоятгарони роҳи хештаншиносӣ дар замин номидаанд. Бинобар ин, мардумро аз торикӣ ба равшанӣ ва роҳи ҳақиқат роҳнамоӣ кардан вазифаи муқаддаси ҳар як донишманд мебошад.

Мақсади мо низ фақат ҳидоят ба роҳи ҳақиқатшиносии роҳбарӣ буда, хештаншиносии роҳбариро арзишҳои баландтарини инкишофи сарварӣ ва умуман башарӣ меҳисобем. Намунаи аслии ин арзишҳоро мо аз рӯи қоидаҳои ҳаракати аслии табиат омӯхта, чархи фалаку осмонро дар гирди офтоб ба хотири гармию равшанӣ медонем. Оғозу анҷоми ҳаёт ва ҳаракаткунанда будани онро дар рӯи замин ҳамчун қонуни илоҳии намунавии рафтори инсонӣ дониста, ба фаҳмишҳои донишмандони гузаштаи худ, ки дар китоби 4-уми менеҷмент овардаем, такя карда, пешниҳодҳои илмидии худро оварданием. Мо дар андешаи он ҳастем, ки имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башар, аз он ҷумла, тоҷикон, ба чунин як илм ниёзманду муҳтоҷ буда, дар ҷустуҷӯ ва талоши пайдо кардани шахсият ва роҳбари хештаншиносем ва мехоҳем, ки рушди босуботи иқтисодии кишварамонро таъмин сохта, Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои пешқадамтарини дунё табдил диҳем.

Барои ноил гаштан ба чунин ҳадафҳои воло дар навбати аввал ба мо ҳамчун як фарди мусулмон зарур аст, ки боварии комилро ба Худои яккаву

пешина
аз 463
навбатӣ