Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ягона дошта бошем. Дар он ҳолат, мо бо қувваи созандаи боварӣ, ба дигар қонуниятҳо рӯ ба рӯ гашта, Худо хоҳанд, онҳоро сарбаландона ҳаллу фасл менамоем. Дили он шахсияте, ки чунин бовариро дорад, доимо дар ҷӯшу хурӯш буда, фаҳмишу донишаш тоза ва дақиқ аст. У ба қадри неъматҳои бузурги зиндагӣ расида, онро дӯст медорад, эҳтиром менамояд, бо овози дил дарк мекунад ва боақлона истифода карда, ҳаловат мебарад ва ҳеҷ гоҳ ноумеду дилхаста намебошад.

Чунин хислати хештаншиносӣ ӯро доимо бо роҳи рост ҳидоят намуда, дигаронро низ аз қафои худ мебарад. Изи пои худро нигоҳ карда, қонуниятҳои объективии табий ва субъективии ҷамъиятиро эҳтирому риоя менамояд. ӯ набояд ин қонуниятҳоро вайрон созад ва аз роҳ барояд, балки ҳар лаҳза ва дар ҳар як қадам устуворӣ ва дурустии рафтори худро назорат намояд. Дили худро қуввату тасалло дар роҳи ҳақиқатпарастӣ диҳад, яъне хоҳишу рафтору дили ӯ бояд доимо дар роҳи хештаншиносӣ гашта, аз каму беши муваффақиятҳо сархуш нагашта, ҳушёр бошад. Дар рафтори роҳбари хештаншинос, набояд заррае аз ҳақиқат дурӣ бошад ва ё кинаи бадие ҷой дошта бошад. Чунки ин аллакай нишонаи аз роҳи ҳақиқат баромадани ӯ буда, дар оянда ба хатоҳои азиме мубаддал мегардад ва ӯро ба ҷарини бетаг мебарад.

Роҳбари хештаншинос дар кадом ҳолате набошад, адолати роҳбариро нигоҳ дошта, роҳи муомилаи хубро пеша карда, новобаста ба ҳолати рӯҳию иҷтимоию иқтисодӣ, оромӣ ва сабру тоқатро аз даст надода, рафтор намояд. Чунин як хислати хештаншиносиро бояд барои ҳамагон, новобаста ба халқу миллат, дину оин ва хешу таборӣ нигоҳ дошта, амал намояд. Ӯ бояд бидонад, ки кадом як нуқсон ва ё муноқишаю норавшание, ки дар ин муносибатҳо ба вуҷуд меояд, аввалин шахси масъули ҷавобгар худи ӯ мебошад, яъне сарвари хештаншинос тамоми масъулиятро бояд ба дӯши худ бигирад. Ин ҳисси масъулиятшиносӣ сарварро водор месозад, ки дар ҳолати рӯй додани ҳодисаҳои ногувор ва рафтори нодурусти кормандонаш дар худ дарди вазнине ҳис карда, ҳар чӣ зудтар аз паи табобати ин дард гардад.

Сарвари хештаншинос доимо аз фаъолияти хеш қаноатманд буда, доимо бояд шукрона намояд, ки ӯ чунин як имконотро доро мебошад. Қаноатмандӣ аз кори нек қонунияти бузурги хештаншиносӣ буда, бовариро дар ояндабинии роҳбарӣ

пешина
аз 463
навбатӣ