Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
воситаҳои коммуникатсионӣ таъмин, соҳиби хонаҳои бодабдаба буда, дар дастархонашон норасоии ғизоие дида намешавад, касе онҳоро намепурсад, ки барои чӣ чунин муносибати бедолатонаи яктарафа мавҷуд аст? Ин аз нигоҳи хештаншиносии роҳбарӣ хеле дур буда, зинаи пасти роҳбарӣ номида мешавад.
Гуфтори халқи тоҷик аст, ки «агар тиллоро аз конҳо ҷустуҷӯ карда гудоранд, сангҳои қимматбаҳоро аз байни сангҳои оддӣ ёфтан мумкин аст» ё мегӯянд, ки «дарахти ҳосилдеҳро касе намебурад».
Дар ҳақиқат, яке аз нишонаҳои инкишофёбии сарварӣ дар интихоб ва шинохта гирифтани сангҳои қимматбаҳо ва худ дарахти ҳосилдеҳ шудан аст. Ҷалб намудани донишмандону хирадмандон ва мутахассисини беҳтарини соҳаҳо ба кори роҳбарию идорӣ ва ташкили самараноки кори онҳо вазифаи муҳими хештаншиносии роҳбарист. Инро дида, насли наврас дар ҷустуҷӯи илм мешавад, бар оянда умеди калон пайдо мекунад ва ҳаракат менамояд, ки хонад, касб омӯзад ва донишманду роҳбари бузург гардад. Дуруст аст, ки мувофиқи таълимоти худтасдиқкунии роҳбарӣ агар ҳар як роҳбар онро дар худ пайдо намояд, албатта, дар оилаи хеш, дар коллективи корхона пайдо менамояд, ки баъдан барои тамоми ҷамъият, роҳи бузургу ягона мегардад. Махсусан, вақте ки дар мамлакат чунин роҳи васеъ пайдо мегардад, инкишофи устувори иқтисодӣ таъмин ва зиндагонӣ хуб мешавад. Агар боз дар ҷаҳон чунин як раванд ҷои худашро ёбад, он гоҳ олам гулистон мешавад ва ҳеҷ гоҳ ҷангу ғоратгарии байнидавлатию байналмилалӣ рух намедиҳад, касе аз гуруснагию беватанӣ дар ғарибӣ намемирад.
Ҳамин тариқ, худинкишофёбиро ҳамчун як сарчашмаи бузурги хештаншиносии роҳбарӣ шуморида, бояд ҳар як роҳбар дар аввал ба худаш, ҳамчун шахсият баҳо дода тавонад ва вобаста аз он мақсадгузорию қарор қабул намояд. Баъдан, дар оила масъаларо аз нигоҳи оилавӣ, дар корхона аз нигоҳи корхона, дар ноҳия аз нигоҳи ноҳия ва дар ҷумҳурӣ аз нигоҳи мамлакат, дар ҷаҳон бошад, нигоҳи ҷаҳониро дида тавонад.
Ҳар яке аз ин гурӯҳҳои хурди ҷамъиятӣ қонуният, хусусият, доира ва муаммоҳои махсуси худро доранд. Сарвари хештаншинос бояд дар мӯҳлати кӯтоҳи таърихии роҳбарии хеш, ки Худованд ба ӯ як лаҳза додааст, онро дарк ва дуруст ҷудо карда, кори неку номи некашро боз ба муддатҳои дароз боқӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё