Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
надорад, ки худро ҳокими мутлақ эълон намояд, чунки кору фаъолияти мо як заррае аз асрори кору бори дунёст, ки ҳатто ақли одамӣ ба дарки пурраи он ҳоло ҳам нарасидааст.
Дар навбати худ, роҳбари хештаншиносро аксарият дӯст дошта, ба наздаш меоянд, доимо дар атрофаш мебошанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ӯ худро ҳокими мутлақи ин мардум эълон намояд, чунки дар ҳақиқат ӯ созандаи асл набуда, фақат мувофиқкунандаи ҳолатҳо барои пайдо кардани шароити хуби зиндагии одамон асту халос. Аз ин хотир, агар дар ақидаи роҳбар дарки дурусти ин масоил пайдо гардад, он гоҳ ӯ дар ҳақиқат роҳбари бузург аст.
Вазифаи роҳбар он аст, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти хешро ба воситаи риштаи тафаккури ақлонии хеш ба роҳ монад. Агар дар фаҳмишу дониши роҳбар дарки аслии ҳолат пайдо бошад, пас фаъолияти ӯ доимо манфиат оварда, аз ҳама гуна зуҳуроти зараррасонӣ дур аст. Чунин ҳолат оромӣ ва иттифоқии коллективиро дар менеджмент таъмин месозад.
Бояд гуфт, ки ҳолатҳои эҳсосотию ҳаловатии ҷинсию моддӣ барои роҳбари хештаншинос фақат монеа буда, ӯро аз роҳи ҳақиқатшиносӣ боз медорад ва қобилияти ақлонии ӯ то охир мақсаднок истифода бурда намешавад. Чуноне ки мо оиди қобилияти рӯҳию ҷисмонии роҳбар дар қисми 3 — юми китобамон пурра гуфта гузаштаем. Боз таъкид карданием, ки барои ба чунин ҳолат гирифтор нашудан, роҳбар дар ақидаю қарори хеш набояд ба эҳсосот роҳ диҳад.
Доимо ақидаи идеалиро соҳибӣ карда, нигоҳи чуқури хешро оиди оламу одам сайқал бояд дод. Нигоҳи рӯякӣ ва истифодаи он, ҳеҷ гоҳ имкони дарки пурраи ҳолати идорашавандаро намедиҳад.
Диққатро ба қонуниятҳои натиҷагирии фаъолият равона сохтан низ,
давоми мантиқии ақидаронии роҳбарӣ буда, роҳбари хештаншинос онро дар ҳар
як қадам назорат ва ислоҳ намуда, боз ба роҳи асосӣ равона месозад, яъне
вобаста ба ҳолат, ҳаракате кардан зарур аст, ки ҳатто бо каме хароҷоти қувва
натиҷаи баланд ба даст биоред. Оиди санъати кордонию роҳбарӣ, мо қисми 3-
юми китобамонро пурра бахшидаем, ки хонандаи азиз метавонад, аз гуфтаҳои мо
истифода карда, самараи гирад. Барои таъкиди дуюмбора, ҳикмати халқи тоҷикро
оварданием, ки «Чӣ қадар ки дарҳоро накушоем, оқибат боз ба дари сарбаста
меоем», чунки ҳаёт дар ҳаракат аст, ҳар лаҳза, ҳар замон талаботу қувваҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё