Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Дар ақидаи роҳбар ҷустуҷӯи мантиқии ҳокимият ва ҳукумронӣ, дарки оламу одам бо мақсади расидан ба хештаншиносӣ дар мадди аввал бояд қарор дошта бошад. Идора кардани одамонро набояд ба воситаи зӯри бозу ва ё қувваи бадӣ, балки бо ҳалиму меҳрубонӣ ва оромию устокорӣ ба роҳ монда, ҳеҷ гоҳ муваффақиятро ҳамчун қувваи идоравӣ истифода нанамояд, чунки ин қувва низ як рӯз ба қуллаи худ расида, анҷом меёбад. Ва боз таъкид менамоем, ки фақат ва фақат қувваи ҳақиқат тамомнашаванда буда, роҳи ягона асту халос.
Сарвари хештаншинос доимо медонад, ки яроқ ва зулмоварии воситаи бадӣ кардан ба инсон буда, рӯзе фаро мерасад, ки ӯ низ аз дасти яроқ ва ё зулми худ нобуд мегардад. Аз ин нуқтаи назар, сарвари хештаншинос доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар рафтори роҳбариаш аз ин қувваи носолим истифода набарад. Ӯ бояд арзиши зиндагию маргро хеле хуб дарк намуда, дар ягон ҳолат ба марги касе хушнуд нагардад.
Ақидаи мустаҳкам намудани мувозинати сулҳу ҷанг қобилияти баланди хештаншиносии сарварӣ ва мувозинати сохтори иҷтимоъ мебошад, ки қувваи таваллуд ва маргро дар ҷамъият пайдо кардаанд. Танҳо фаҳмиши дурусти тавлид ва марг дар ақидаи сарварӣ метавонад роҳбарро ба қуллаи баланди хештаншиносӣ бурда расонад.
Нигоҳдории ақидаи солими мувозинати тавлиду марг ин нигоҳдории ҳаракати пайваста буда, иқтидори он бевосита дар фаҳмиши ақлонии сарвар пинҳон аст. Агар сарвар инро хуб дарк карда, амалӣ гардонад, он гоҳ худаш дар ҳаракати пайваста қарор гирифта, ҳамқадами замон мегардад.
Ҳаракати пайваста доштан — худ арзишмандтарин нерӯи ақидаи роҳбарӣ буда, дар он захираи бузурги илоҳии ақлонии сарварӣ мавҷуд аст, ки асоси пуррагии хештаншиносии роҳбариро ташкил мекунад.
Ҳар як роҳбаре, ки онро дарк менамояд, мекушад то ҳама вақт дар ин ганҷина қарор дошта бошад. Зердастон ва атрофиёнро аз чунин ганҷинаи ақлоний чашонидан, вазифаи муҳими сарварӣ ва ташкили алоқаи байни олами моддию маънавӣ ва нигоҳдории ин мувозинат муваффақияти барҷастаи роҳбарӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки нигоҳдории мувозинати роҳбарӣ вазифаи мушкилу мураккаб буда, қувваю ғайрати баланди роҳбариро талаб менамояд. Нерӯи ақидаи сарварӣ бояд ин қувваро дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё