Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
дар ҳолати корӣ қарор дода, аз аҳволи онҳо бохабар ва назорати ҳаракати онҳоро дошта бошад. Аз натиҷаи он ҳаловат бубарад ва онҳоро дӯст дорад.
52.3. Ақидаи хештаншиносӣ ва нерӯи боварии расидан ба он
Вақте роҳбар ба зинаи хештаншиносӣ мерасад, дар ботини ӯ ақидаҳое пайдо мегардад, ки ба роҳбари оддӣ хос нестанд, яъне ӯ аллакай шахсияти шинохтаи ҷамъиятӣ гардида, вуҷуди ӯро доимо ду нерӯи пурқуввати ҳаракаткунанда фаро гирифтаанд:
- Нерӯи илоҳӣ ва ақлоние, ки роҳбар масоилро қабул ва дарк мекунад.
- Нерӯи воқеие, ки роҳбар бо истифода аз он фаъолият менамояд.
Ин ду қувва дар ботини ӯ якбора амал карда, ақида ва нерӯи бовариро пайдо мекунанд.
Аз ин ҷо маълум мегардад, ки ҷараёни пайдоиш ва амалигардонии ақида ва нерӯи роҳбарӣ низ хеле нозук буда, боварии мустаҳкам ба олами малакутӣ, эҳтиёткорӣ, тайёрии пухта ва донишмандии заминиро талаб менамояд. Роҳбар ба қувваи бузурги илоҳӣ ва тафаккури худ бовар карда, ҳолатро пурра баҳо дода, вобаста аз он ақидаҳои асосиро қабул менамояд. Инчунин, доимо бояд дар назар дошт, ки қувваи бузурги илоҳӣ - табиӣ низ, вуҷуд дорад, ки барои рафтори некатон ва кори хайр Шуморо дастгиру мададгор мебошад. Маҳз, дар ин ҳолат шояд ба ҳақиқати Олӣ расида, нерӯеро пайдо сохта, одамонро аз қафои худ бурда метавонед.
Тавассути ақидаи мустаҳкам ба дарки пурраи оламу одам расида, роҳбар калидеро пайдо месозад, ки барои ба дили одамон расидан ва онҳоро бовар кунонидан роҳ ёфта, роҳбарӣ карда метавонад.
Хонандаи азиз, мо дар қисми 3 — юми китобамон оид ба мавҷудияти ду хислат дар одамӣ, яъне мардона ва занона сухан гуфта, мавзӯи алоҳидаро низ ба он бахшидаем. Дар ин нуқта низ, боз як маротибан дигар ишора бар он менамоем, ки вақте роҳбар аз олами ҷавонмардию шуҷоатмандӣ огоҳ мегардад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё