Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
ҳам, ба дили касе намефорад, ҳатто табиати бузург онро дуру дароз тоқат карда наметавонад ва он ҳеҷ гоҳ дер давом намекунад. Аммо борони форам чанд шабонарӯз ҳам биборад, ба табиат қабул буда, ҳаловаташ аз дили одам дер боз гум намешавад. Яъне дар ин нуқта низ мо бояд аз қонуни суръати ҳаракат бархӯрдор буда, доимо суръати миёнаи ҳаракатро интихоб намоем ва ҳолатро зери назорати худ қарор дода бошем. Бояд қайд кард, ки агар барои Замин намунаи асосӣ Осмон бошад, барои одам намуна (идеали асосӣ) Замин аст.
Пас, такя ба қувваи ягонаи созанда доштан ва бе тарси камбудию норасонӣ меъёрро риоя кардан боварии роҳбариро мустаҳкам намуда, барои ба мақсади олӣ расидан дар рӯи Замин кӯмак мерасонад. Як нуқта ҷолиби қайд аст, ки агар роҳбар бо ҳаракат ба боло аз поён бедарак монад, он гоҳ дар боло он қадар бисёр истода наметавонад. Ё ин ки роҳи васею паҳновареро пеш гирад, ки бару қад надошта бошад, дар ин ҳолат низ, дар ин роҳи худ он қадар дур намеравад. Аз ин ҷо, агар ӯ худро дар намоиш гузошта, тамоми муваффақиятҳои кормандонро ба худ нисбат дода, худнамоишӣ кунад, кӣ будани худро фаромӯш карда, роҳ ва арзиши аслии худашро гум мекунад.
Чуноне ки дар ҳикояти «Харгӯш ва Шер»-и Маснавии Маънавии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ омадааст, ки Шер чунон мағруру худписанд шуд, ки ҳатто акси худро дар оби софи чоҳ нашинохт. Ин гуна роҳбарон нақшаҳои ояндаи хеш мавқеашро пайдо накарда, обрӯю эътибори роҳбариро аз даст медиҳанд. Аз чунин рафтори роҳбарӣ фақат қаҳру ғазаби кормандон зиёд гашта, ташкилот аз ҷараёни ҳаракат боз мемонад.
Бинобар ин, роҳбари хештаншинос бояд дарк намояд, ки тамоми ҳодисаҳо ва ҳолатҳо дар ҳаракати доимӣ буда, ҳудуди муайяни таъсиррасонии хешро доранд. Аз ин хотир, ӯ низ бояд доимо дар талошу ҷустуҷӯи фаҳмишҳои навини ҳодисаҳо буда, оромӣ ва адолатро нигоҳ дорад. Ҳеҷ ягон ҳолат ва молу мулк ба ҳолати худи ӯ таъсир расонида натавонад, чунки гардиши чархи фалак ва мавҷуд будани ӯ дар ин чархи фалак гувоҳи он аст, ки ӯ низ дар ҳаракати аз худи ӯ новобаста қарор дошта, бо гузашти айём он чархе ки ӯро замоне боло бардошта буд, боз ба поён бурда мемонад.
Вазифа ва мақсади олии ҳар як роҳбар иҷрои мақсадҳои бузурги иҷтимоию
иқтисодӣ мебошад, ки аз натиҷаи фаҳмишу донишҳои баланди зеҳнии олиному

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё