Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фаҳмиш ё дарки зебоии зиштӣ ҳақиқати ҳол ва ё нуқтаи ниҳоии рафтори роҳбарӣ бояд гузошта шавад. Ҳамин қобилият ӯро ба хештаншиносӣ мебарад. Бояд гуфт, ки нуқтаи зебоиро дар ақида, гуфтор, иҷрои қарор, садо, умуман, дар тамоми рафтору кирдори хеш ёфта гирифтан нишони баланди хештаншиносӣ буда, ӯро устуворона ба қуллаҳои баланди инкишоф бурда мерасонад ва номи ӯро даҳҳо насл зинда мегузорад.

Дар назар бояд дошт, ки агар дар ҷараёни роҳбарӣ Шумо ба муваффақияте ноил гашта, ба яке аз равандҳои фаъолияти хеш арзиши баланд дода, ба дигараш диққати зарурӣ надиҳед, он гоҳ ҳатман ба зиддияти қисме аз зердастони худ ва ҳатто шогирдону пайравонатон дучор мегардед. Чунин ҳолат, албатта, ба ҷараёни пешравии роҳбарӣ таъсири муваққатии манфии худро мерасонад, ки оид ба ин масоил мо аз забони мутафаккирони бузурги миллати тоҷик дар қисми 4-уми китоби хеш мисолҳои зиёде овардаем. Аз дигар тараф, мардуми тоҷик гуфторе дорад, ки «Чизи қиммат бе ҳиммат нест». Дар ҳақиқат, он чизе ки бароятон бо мушкилӣ ба даст меояд, қиммати баландро соҳиб мегардад.

Роҳбари хештаншиноси, ки ба масоил ва муҳити роҳбарӣ диққати дуруст медиҳад, аз атроф доимо бохабар буда, шахсони нопоки атрофро ба зудӣ пайдо ва камбудиҳоро бартараф намуда, тартиботи дурустро дар менеҷмент ҷорӣ месозад. Ҳатто аз фикру хаёл ва дили хеш кибру ғуруру хислатҳои ба сарвари хештаншинос нолозимаро берун бароварда, оромона кору фаъолият менамояд. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба эҳсосот ва гуфтаи бардурӯғи дигарон роҳ надода, дар роҳи дурусти худ бояд устувор бимонад. Дар хотир дошта бошед, ки ҳалли масоил ва ё қабули қароре, ки дар ҳолати ороми роҳбарӣ ва муҳити солими ақлонӣ ба вуқӯъ мепайвандад, беҳтарин ҳалли масъала ва қабули қарор буда, аз ҳақиқат дур нест. Аз ин хотир, роҳбари хештаншинос бо донишмандию хирадмандии хеш ба ҳолатҳо ғалаба менамояд, на ин ки ҳолат бар фаъолияти ӯ. Ин ҳолатро бояд дар фаъолияти менеҷмент ба инобат гирифт, ки оё сарвар худашон роҳбарӣ мекунанд, ё ин ки дигарон ба сарвар.

Нигоҳ доштани сарварӣ дар ҳама ҳолат, ин талаботи хештаншиносии роҳбарӣ буда, арзиши баланди эҳтироми зердастон пайваста нигоҳ дошта шавад. Миллати тоҷик ҳикмате дорад, ки «Роҳбар агар шиками худро аз

пешина
аз 463
навбатӣ