Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ӯро аз хурдӣ, давоми таҳсил дар мактаб ба навоварию кашфиётҳо одат кунонем. Бо талқини бартарияти ин раванд кӯдакро дар олами орзую ҳавасҳо ва навовариҳо ба воя расонем, чунки эҷодкориҳо дар ояндаи роҳбарии ӯ хеле ва хеле заруранд.

  1. Тарбияи пешвой — хислати махсус ва қувватдиҳандаи тарбияи сарвари оянда буда, меъёрҳои онро аз овони кӯдакӣ ва давраи мактабхонию кор дар корхона, бояд ташаккул дод. Гуфтан ҷоиз аст, ки аксари пешвоён табиатан, ин қобилияти баландро доро буда, вазифаи тарбия ҷудо карда тавонистани онҳо ва пурэъӯр гардонидани ин раванди тарбия дар шахсиятҳои дорои чунин қобилият мебошад.

  2. Нигоҳи Луқмони Ҳаким ба тарбия — тарбияи ахлоқӣ бояд баробари таваллуд гаштани кӯдак ба дунё оғоз гардад ва то ба гӯр идома ёбад.

  3. Тарбияи корманди ҷавон дар менеҷмент — тадқиқоти фардии менеҷмент ва ё мураббӣ бо мақсади мувофиқ кунонидани иқтидори зеҳнии вай ба хусусияти бевоситаи ҷои корӣ, фаъолияти корӣ ва ҳолатҳои тағйирёбандаи сарварӣ дар ояндаи хештаншиносӣ мебошад.

  4. Талаботҳои асосии тарбияи хештаншиносии роҳбарӣ ва расидан ба он — диққати асосиро ба қобилияти зеҳнии корманд равона сохтан ва дарёфти қобилияти фардии кордонии ҳар як аъзои ҷавони менеҷмент. Кор карда баромадани нақшаи болоравии зинавии инкишофи корманд вобаста ба вазифа ва иҷрои саривақтию бешарти он. Ташкили кори мураббигӣ аз ҳисоби ҳайати устодони касбӣ, новобаста ба халқу миллат ва гурӯҳи этникиашон. Пешниҳоди кормандони ҷавони болаёқат ба корҳои масъули роҳбарӣ дар менеҷмент. Пайваста нигоҳ доштани гуногуншаклӣ ва инкишофёбандагии вазифагузорӣ дар менеҷмент.

  5. Вазифаҳои асосии гузариш ба рушди босуботи иқтисодӣ дар менеҷменти муосири тоҷик — пешниҳоди концепсияи байналхалқии стратегии инкишоф барои муҳити зист, коркарди роҳҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашудаи ҳамкорӣ ва мақсадгузории байналхалқӣ, ки инкишофи демографӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити атроф ва иқтисодиро пурра дар бар гирад.

  6. Равандҳои концептуалии рушди босуботи асри XXI — барномаи умумибашариеро бояд пешниҳод намоянд, ки тамоми насли ояндаи башар

пешина
аз 463
навбатӣ