Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гузошта, сонии талаб менамоям, аввал фикр ва охир низ фикр карда, баъдан ҳаракат мекунам.

  1. Қонуниятҳои футувватмандии роҳбарӣ — оромию басабру ботоқат будан, кордонию роҳбариро ҳамчун раванди табиии зиндагонӣ қабул доштан, ҳеҷ гоҳ сертараддуд ва парешонхотир набудан, доимо меъёрро донистан, диққатҷалбкунандагии худро доимо нигоҳ доштан, риояи пурраи этикети расмӣ, ҳеҷ гоҳ аз хабари нохуш сухан оғоз накунед, аз хешу таборчигӣ дар роҳбарӣ дур бошед, оиди роҳбари болоии хеш сухани бад нагуед ва ҳатто шӯхӣ накунед, ба сарзаниши атрофиён ва зердастон одат нанамоед ва ғ.

  2. Хатоҳои роҳбарӣ — қонуниятҳои дар боло овардашударо риоя накардан, танқиди бевоситаи роҳбар, худро дар назди роҳбар доно нишон додан, аз вазифа берун баромадан, мақсади эҷодии хешро барои дастгирии роҳбарияти болоӣ равона созед.

  3. Роҳҳои сазовор гаштан ба боварии одамон — барои корманди худ ва атрофиён содда ва номуайян будан, намуди зоҳирӣ ва чеҳраи кушоди дилчаспро одати худ намоед, тарафдорони худро дар тамоми гурӯҳҳои ҷомеаи донишманд пайдо созед, сарчашмаи даромади худро аз ҳисоби мардум нагузоред, тарзе фаъолият намоед, ки ҳама ба ақидаатон бовар кунанд.

  4. Роҳҳои дарёфти заифии кормандон — диққати асосиро ба ишораҳо ва суханронӣ ва чеҳраи корманд равона созед, қариб 70% заифӣ дар чеҳра ҳувайдост, аксари рафтори заифиро инсон аз овони кӯдакӣ ба худ мегирад, имкон диҳед, ки ягон рафтори кӯдакона намоянд, аслан одамони зирак ба атрофиён тарафи дигари худро нишон медиҳанд, аз рафиқонаш пурсон шавед, ба дилаш ҷой гиред.

  5. Нотакрории роҳбар — худҳурматӣ дар ҳама ҳолат, пешраванда, аз танқид натарсидан ва наранҷидан, шуҷоатмандӣ ва устуворӣ, арзандагии роҳбарӣ, қадрдонии донишмандону роҳбарони болоӣ, мавқеи баландро соҳиб будан, ноомади корро аз ёд набароварда, ба худ боварии комил дошта бошед.

пешина
аз 463
навбатӣ